Пайвандҳои дастрасӣ

Сели азими оворагон дар Покистон


Мудири Муассисаи умури паноҳандагон дар Созмони Милал имрӯз гуфт, тақрибан 835 ҳазор нафар аз мардуми Покистон бар асари ҷанг бо Толибон дар шимолуғарби кишвар аз хонаҳои худ гурехтаанд. Онҳо ба ним миллион нафари дигар пайвастаанд, ки соли гузашта аз маҳалҳои даргирӣ дар соли гузашта гурехта буданд. Антонио Гутеррес - Кумиссариёи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон, баъди дидор аз як урдӯгоҳи оворагон гуфт, ҳукумати Покистон ба кӯмаки азими ҷомеаи байналмилалӣ ниёз дорад, то аз фоҷиа пешгирӣ намояд. Ҳукумати Покистон баъди саъйи Толибон барои афзудани нуфузашон дар манотиқи васеътари кишвар, моҳи апрел амалиёти тозаеро барои нобудии ин гурӯҳи тундрав шурӯъ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG