Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорони амрикоиро муҳокима мекунанд


Куриёи Шимолӣ имрӯз гуфт, муҳокимаи ду хабарнигори амрикоӣ, ки ду моҳ пеш дар марзи он кишвар бо Чин боздошт шуданд, рӯзи чорумим июн оғоз меёбад. Хабаргузории расмии Куриёи Шимолӣ танҳо бо нашри ҳамин иттилоъ иктифо кардааст ва ҷузъиёти дигару иттиҳом ба хабарнигорон маълум нест. Аммо пеш аз ин Куриёи Шимолӣ гуфта буд, ки Лаура Линк ва Евна Ли ба вуруди ғайриқонунӣ ва амалкардҳои номаълуми “душманона” муттаҳам мешаванд. Қонуни Ҷиноии Куриёи Шимолӣ барои вуруди ғайриқонунӣ ба он кишвар се соли кори иҷборӣ дар ӯрдугоҳҳои корӣ таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG