Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Рум дар шаҳри наврасии Исои Масеҳ


Попи Рум Бенедикти 16 имрӯз дар идомаи сафараш ба сарзаминҳои фаластинӣ имрӯз сафараш дар шаҳри ишғолии Назарет воқеъ дар Канораи Рӯди Урдун маросими ниёиш баргузор кард. Даҳҳо ҳазор нафар эътиқодмандон дар ҳошияи ин шаҳр, ки бовар меравад, Исои Масеҳ хурдсолиашро дар онҷо сипарӣ кардааст, ҷамъ омаданд, то пешвои рӯҳонии масеҳиёнро бубинанд. Қарор аст, Попи Рум бо Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил мулоқот кунад. Пеш аз ин ва дар рӯзи чаҳоршанбе Поп бо Маҳмуди Аббос – раҳбари Фаластиниён мулоқот кард ва ба тарафдории Ватикан аз таъсиси кишвари мустақили Фаластин таъкид намуд. Ҳукумати тундгарои Бенямин Нетаняҳу то кунун ошкоро аҳд надодааст, ки тарафдори ҳалли муноқишаи Ховари Миёна аз роҳи таъсиси кишвари мустақили Фаластин мебошад.
XS
SM
MD
LG