Пайвандҳои дастрасӣ

Осорхонаи бостоншиносии Хуҷанд, воқеъ дар бинои нави канори Қалъаи кӯҳна таърихи се сола дорад, вале бархе аз нигораҳои он бинандаро ба сайри таърихи се ҳазор соли пеши тоҷикон мебарад. Ходимони осорхона тангаҳои давраи Кӯшониён (садаи аввали қабл аз милод) ва тангаҳои тиллоии аҳди Сомониён (асри 10 – и милодӣ) – ро аз ҷумлаи чунин нигораҳои боарҷ ва диданӣ медонанд.

Осорхонаи нав дар маркази вилояти Суғд бо мавқеъи ҷойгир шудани худ низ таваҷҷуҳи бинандагонро ба худ мекашад . Он дар кунҷи рости Қалъаи бостонии Хуҷанд аз ҷониби офтоббаро ба усули меъмории шарқӣ бунёд шудааст. Ба маълумоти муаррихин, ин Қалъашаҳри бостонӣ дар канори рӯди Сир дар садаи 4 – и пеш аз милод, замони юриши Искандари Мақдунӣ ба ин сарзамин низ вуҷуд дошта, лашкаркаши ҷаҳонкушои юнонӣ онро дидбонгоҳи худ қарор додааст. Харобаҳои Қалъаи қадима дар канори осорхонаи нав дар рӯзҳои мо ҳам боқист.

Аксу садо аз ин осорхона дар ихтиёри шумост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG