Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иктишофи захоири бештари нафту газ


Ширкати байнулмилалии энержии «Тетис Петролиум Лимитед», ки тайи як соли ахир корҳои иктишофиро дар қаламрави Тоҷикистон идома медиҳад, хабар медиҳад, ки ширкати мустақили аудитии Бритониё дар кашфу ҳисоби захираҳои нафту газ бо номи "Тракс" (TRACS) маълум кардааст, ки захоири эҳтимолии маводи гидрокарбонатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир баробар ба як миллиарду 132 миллион бушка нафт будааст.

Доктор Девид Робсон, президенти ширкати «Тетис Петролиум Лимитед», гуфтааст, дар ҳоли исбот шудани ин маълумот, захираи мазкур имкон медиҳад, ки Тоҷикистон то ба истиқлоли энержӣ даст ёбад.

Вале Давлат Усмон, коршиноси минтақа баъид медонад, ки Тоҷикистон бо ин захоир ба истиқлоли энержӣ даст ёбад. Ба ин далел ки, ба гуфтаи вай, Тоҷикистон аз фанноварӣ ва тавони истихроҷи нафту газ бархӯрдор нест ва ширкатҳои хориҷӣ, ки ба истихроҷи нафту газ машғул мешаванд, ҳиссаи қобили мулоҳизаи ин захираро ба суди худ истифода мекунанд. Бо ин вуҷуд, оқои Усмон мутмаин аст, ки истифодаи ин захоир то андозае барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ёрӣ хоҳад расонид.

Мавзӯъи фанноварӣ ва тавони молии Тоҷикистон дар ин заминаро бо Азим Иброҳим, раиси «Тоҷикгеология» дар миён гузоштем. Вай гуфт, ширкатҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба кашфи захоири нафту газ машғуланд, ва дар сурати воқеъӣ будани ин захоир ва парма кардани чоҳҳои истихроҷ, ҳамин ширкатҳо метавонанд ба истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон машғул шаванд. Ба ин далел ки ин ширкатҳо аз тавони фанноварии истихроҷ ва имконоти фаннӣ бархурдоранд. Дар сурати воқеияти ин захираҳо Тоҷикистон метавонад бо ин ширкатҳо дар бораи истихроҷ ва арзаи он ба бозорҳои ҷаҳонӣ қарордодҳои тоза имзо кунад.

Мавзӯъи дигаре ки метавонад алоқамандии ширкатҳои хориҷӣ ба захираҳои маводи гидрокарбонатии Тоҷикистонро афзун кунад – ин таркиби нафти мавҷуд дар хоки Тоҷикистон аст. Ба эътиқоди бархе аз геологҳои Тоҷикистон, нафте ки дар умқи ҷумҳурӣ воқеъ аст, аз навъи олист, ки он на барои сӯхт, балки барои саноъеи атторӣ истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад.

Ин суолро дар гуфтугӯ бо Раҳимбек Давлатов, муовини раиси идораи «Тоҷикгеология» дар миён гузоштем. Оқои Давлатов гуфт, корҳои иктишофӣ дар ин замина дар замони Шӯравӣ низ дар Тоҷикистон идома дошт, вале дар бораи таркиби нафт ва навъи он дар замоне иттилоъи дақиқ хоҳем дарёфт, ки корҳои пармакуниро анҷом диҳем ва аз умқи замин нафт дарбиёрем. Вай гуфт, дар сурате ки ин ширкатҳои хориҷӣ ба пармакунӣ шурӯъ кунанд ва нафт берун ояд, дар он сурат мушкиле дар бораи истихроҷу фурӯши он боқӣ намемонад. Ба эътиқоди геологҳо, имкон дорад захоири маводи гидрокарбонатӣ дар умқи 5-6 километрӣ дар Тоҷикистон бештар аз муодили як миллиард бушка нафт бошад. Ба гуфтаи онҳо, маълумоти бадастовардаи ширкати «Тетис Петролиум Лимитед» дар ин замина ҳисобҳои пешакӣ маҳсуб мешавад. Барои гирифтани маълумоти дақиқи захираҳо ҳадди ақал се соли корҳои иктишофиву ҷустуҷӯӣ лозиманд, ки аз тарафи ширкати «Тетис Петролиум Лимитед» имрӯз пиёда шудаанд ин далел ки дар ҳоли ҳозир низ корҳои иктишофӣ дар ин замина идома дорад.
XS
SM
MD
LG