Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари мухолифони Мянмар муҳокима мешавад


Аунг Сан Суу Ки - раҳбари мухолифини тарафдори демократия, дар Мянмарро ба нақзи муқаррароти зиндони хонагӣ муттаҳам кардаанд. Муҳокимаи вай рӯзи душанбе 18 май шурӯъ мешавад. Субҳи имрӯз, Аунк Сан Суу Кии 63-соларо, ки барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аст, барои эъломи иттиҳом аз хонааш ба зиндон бурданд. Ӯ, ки ба зиндони хонагӣ маҳкум шудааст, 19 сол боз ҳаққи баромадан аз хонаашро надорад. Сан Суу Куиро барои пинҳонӣ ба хонааш ворид шудани як шаҳрванди Амрико муттаҳам мекунанд. Ин мард, ки сабабҳои вурудаш ба манзили пешвои мухолифини Мянмар маълум нест, боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG