Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маҳаллаи 82-юми Душанбе дар канори роҳи бузург як бозори мардикорон фаъол аст. Ҳар рӯз дар ин бозор беш аз 300 нафар кор меҷӯянд ва на ҳар нафари онҳо барои дарёфти кор муваффақ мешавад.

Радиои Озодӣ барои таҳияи қиссае аз рӯзгори мардикорони ин бозор як рӯз бо Диловар Қурбонови 22-сола буд. Диловар мегуфт, тақрибан шаш моҳи ахир пайдо кардани кор дар ин бозор сангин шуда ва қиммати корҳо низ ба маротиб поин рафтааст. Ӯ мегуфт, бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод бозори мардикорони шаҳри Душанберо низ зери фишор қарор додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG