Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи интиҳорӣ дар Спинболдаки Афғонистон


Як бомбгузори маргталаб имрӯз мошини худро дар назди як идораи посгоҳи пулис дар шаҳри ҷанубии Спинболдаки Афғонистон мунфаҷир карда худро кушт ва чаҳор ғайринизомиро маҷрӯҳ кард. Абдулрозиқ - раиси идораи посгоҳи Спин Болдак ба хабаргузории “Ройтерс” гуфт, бомбгузор мошинашро ба идораи пулис ва посгоҳи наздик ба он наздик овард ва онро мунфаҷир кард. Гузаргоҳи марзӣ дар ноҳияи Спинболдак ва шаҳри Чамани Покистон як гузаргоҳи муҳимтарини байни ду кишвар аст.
XS
SM
MD
LG