Пайвандҳои дастрасӣ

Зарари азими молии "Sony" аз бӯҳрон


Ширкати азими ҷопонии “Sony Corporation”, имрӯз эълом кард, ки дар зарфи 14 соли ахир бори нахуст 1 миллиард доллар зиён дидааст. Иқтисоди заъифи ҷаҳон, қурби қавии пули Ҷопон ва талафот аз сармоягузорӣ сабаби зиён дидани ширкати “Sony” шудааст. Ширкати мазкур соли оянда низ мунтазири фоида нест, ва дар соли 2010 молӣ эҳтимолан 1 миллиарду 200 миллион доллар зарар хоҳад дид. Пештар аз “Sony” дигар ширкатҳои азими Ҷопон, Тойота, ва Ҳитачӣ ҳам аз зарарҳои азим дар тиҷорати худ хабар доданд.
XS
SM
MD
LG