Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба таэквон-до ИТФ бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа, ки дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе байни кӯдакону наврасон ва бузургсолон баргузор шуд, беш аз 250 нафар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва пойтахти кишвар ширкат карданд.

Дар машқҳои маҷмӯӣ Хушмаҳмад Пиров байни мардон ва Шаҳло Муҳаммадраҳимова миёни занон ғолиб шуда, ба дарёфти унвони қаҳрамони мутлақи мусобиқа даст ёфтанд. Инчунин ҳарду дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ соҳиби медалҳои тилло шуданд. Хушмаҳмад дар вазни то 71 кг ва Шаҳло дар вазни то 51 кг ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар сабқати мардон, инчунин, Беҳзод Нормуродов дар вазни то 50 кг, Манучеҳр Отамбеков дар вазни то 57 кг, Ифтихор Камолов дар вазни то 64 кг ва Далер Сайфиддинов дар вазни беш аз 71 кг ғолиб шуда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Дар сабқати занон, ҳамчунин, Сабина Тағойназарова дар вазни то 45 кг ва Нигора Ҳомидова дар вазни то 63 кг пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ба иттилоъи сардовари ин мусобиқа Эркин Латифов, ҳадафи аслӣ интихоби беҳтарин варзишгарон ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд, ки ахири сол дар сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG