Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 медали паҳлавонони тоҷик дар Қирғизистон


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ барои дарёфти ҷавоизи ёдбуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Иван Панфилов дар Қирғизистон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Душанбегӣ Ҳабибулло Абдуллоев дар рақобатҳо дар вазни то 96 кг ва ҳамшаҳрии ӯ Фаррух Беков дар вазни то 60 кг ҷойҳои севумро касб карданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 49-ум дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, инчунин, Русия ширкат варзиданд.
XS
SM
MD
LG