Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдаконро оила мебояд


UNICEF, дафтари СММ дар умури кӯдак, ки нишасти минтақаиро дар заминаи ислоҳоти низоми тарбияи кӯдак дар Бишкек ташкил кардааст, мегӯяд, ҳоло дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон 260 ҳазор тифле ба сар мебарад, ки аз меҳри падару модари худ маҳрум шудаанд. Аз ин шумор 160 ҳазор нафар дар муассисаҳои вижаи тарбиявии мисли ятимхонаву интернатҳо зиндагӣ мекунанд ва зоҳиран бо кулли шароити зарурии мисли ғизо, дастрасӣ ба таҳсил, ҷои хоб ва либос таъмин мебошанд. Аммо назар ба иттилои бархе мутахассисони соҳа дар Қирғизистон, тибқи таҳқиқот, 60 дар сади кӯдаконе, ки дар ингуна муассисаҳо тарбияву бузург шудаанд, баъди шурӯи зиндагии мустақилона дубора таҳти назорат мегузаранд, вале ин навбат бо ҷурми қонуншиканӣ бошандагони зиндону маҳбасҳо мешаванд.

Пешниҳоди ба роҳ мондани ислоҳоти низоми хадамоти иҷтимоӣ барои ин бахши кӯдакон аз он ҷо маншаъ мегирад, ки ба қавли мутахассисон, ҳоло дигар он модели шӯравии тарбияи атфоли ятиму бесарпаноҳ кӯҳна шуда муассирияти он аз даст рафтааст. Ҳадаф ин аст, мегӯянд онҳо, ки кӯдак танҳо дар шароити хона ва таҳти назари волидон ё нафароне, ки тавонанд ҷои падару модари тифли ятимро бигиранд, бояд тарбия шаванд. Дар ин замина Олга Гребенникова, яке аз масъулини дафтари UNICEF дар Қирғизистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Ояндасоз гуфт, ки ин бачаҳо дар шароити муассисаҳои давлатӣ аз ғамхории зарурӣ бархӯрдор намешаванд.

"Хонаҳои ятимон, марказҳои вижаи назорат аз кӯдакон, хулоса муассисаҳои бузурги тарбияи кӯдакон ба ҳеҷ сурат ҷои як муҳити хонаводаиву нигоҳубин ва меҳру муҳаббати оилавиро гирифта наметавонад, ки ба он ҳар тифл ниёз дорад. Ин масъала мутахассисонро дар сатҳи байналмилалӣ дар ташвиш гузоштааст. Кори ин низом бояд ислоҳ шавад ва бачаҳо бояд аз муҳити як сохтори баста, ки бояд доимо дар он бошанд, берун шаванд. Ин ҷо чанд пешниҳод аст ва яке аз онҳо таъсиси марказҳои рӯзонаи вижа барои ин бачаҳо мебошад. Яъне кӯдак рӯзона дар ин ҷо аз хадамоти мухталиф бархӯрдор шуда, вале шом ҳатман ба хона, назди оилааш бармегардад. Ва ё мешавад аз шакли "форсерии" нигоҳубини кӯдак кор гирифт. Маънои ин метод дар он аст, ки як ҷуфти зану шавҳар кӯдакеро ба тарбия қабул мекунанд, давлат барои тарбияи кӯдак барои онҳо маош медиҳад ва ин кори онҳо мешавад. Як корманди иҷтимоӣ аз тарбияи кӯдак дар муҳити хона назорат мекунад".

Нақши волидонро ин навъи метод чӣ гуна арзёбӣ мекунад?

"Волидон бо ихтиёри худ ба хона тифлеро меоранд, ки дар як ҳолати хеле бад қарор дорад: масалан, вай аз хона рафтааст, ё волидонашро аз даст додааст, вай хиёбонӣ аст. Ин волидон бояд ӯро ба ҳама шароит ва меҳри инсонӣ таъмин кунанд. Дар айни замон, онҳо бояд омода бошанд, ки баъди муддате ин тифл ба тарбияи волидони хунии худ мегузарад, ва дар ин кор барояшон кормандони иҷтимоӣ кӯмак мекунанд. Ва ҳатто ҷои зисти кӯдак ҳам бояд хеле наздик ба хонаи хешу табораш, амаку холаҳо, бобову бибиаш бошад, ки тавонад ба хонаи онҳо меҳмон шавад. Имрӯз дар кори ин нишаст хеле зиёд ин андеша садо дод, ки кӯдаке, ки дар шароити берун аз хона тарбия ёфтааст, комилан дигар мешавад: рӯҳияи ӯ, тарзи бархӯрди вай ба зиндагӣ дигар мешавад, аз бисёр чизҳое, ки барои рушди вай мусоидат мекунад, маҳрум мемонад. Тифле, ки танҳо дар шароити муассисаи давлатӣ бузург шудааст, бо хатари дар ингуна муассисҳо тамоми умр мондан рӯбарӯ мешавад".

Дар миёни кӯдакони гурӯҳи хатар ва заъфпазир инчунин атфоли маъюбе мебошанд, ки ҳамчунон аз тамосу иртибот бо ҳамсолонашон маҳруманд, дар хона ё дар муассисаи давлатӣ ҳамчунон дар шароити баста ба сар мебаранд ва ҳамингуна аз як тамоси иҷтимоӣ бо ҷомеа маҳрум мемонанд. Оё барои ин бахши кӯдакон ҳеҷ пешниҳоди муваффақе, ки барои рушди ин атфол равона шуда бошад, вуҷуд дорад?

"Марказҳои рӯзонаи кӯдаконе, ки ба нигоҳубини вижа ниёз доранд, метавонад роҳи ҳалли масъала бошад. Шумо медонед, ки оё таваллуди як кӯдаки маъюб дар хонаводаи маъмулии рустоӣ чӣ маъно дорад? Ин як фоҷеаи оилавӣ аст: кӯдаки бечораро ба кӯча намемонанд, ки барояд, ба хешу табор нишон намедиҳанд. Одатан барои нигоҳубини ин кӯдак падар ё модар маҷбур мешавад аз кор монда фақат бо ӯ машғул шавад, вале бо ин вуҷуд, он тарбияе, ки барои тифл лозим аст, ба ӯ дода намешавад: кӯдаки маъюб дар ҷомеаи шӯравии пешин мисли як растанӣ бузург мешавад. Дар Бишкек мо ҳамингуна як маркази рӯзонаи вижаро дорем, ки бо ҳар як кӯдак муносибати хосса дорад, ҳар тифл мӯҳлати муқарраршудаи барқарориву эҳёро мегузарад, бо онҳо равоншиносону мураббиҳо кор мекунанд ва дар натиҷа маълум мешавад, ки ин кӯдаконе, ки аз атфоли маъмулӣ фарқ мекунанд, бениҳоят ҳунарманд ва боистеъдод мешаванд. Ман як духтараки нобиноро медонам, ки рӯзҳои аввали ба ин марказ омаданаш аслан бо касе гап намезад ва фақат дар кунҷи хона нишаста бо як дастгоҳи мусиқӣ бозӣ мекард. Баъди он ки омӯзгорон бо вай кор карданд, вазъ комилан дигар шуд ва маълум шуд, ки ӯ соҳиби садои хеле хуб будааст ва ҳоло ӯ бо ҳамсолонаш муошират мекунад. Яъне ӯ якбора боз шуд".
XS
SM
MD
LG