Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бештари нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта селхезӣ ва боронгариҳои рӯзҳои ахир ва хисороти моливу ҷонии расида аз ин офати табииро дар сархати матолиби худ қарор додаанд.

Аз ҷумла, ҳафтаномаи «Азия плюс» бо овардани мисолҳо ва арқоми мушаххас аз қавли масъулони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон навиштааст, ки танҳо дар рӯзҳои таътили ҳафтаи сипаришуда селоб ҷони шаш нафарро рабуд. Нашрия афзудааст, дар аксари маворид масъулони ниҳодҳои расмӣ бар пешгирӣ ва коҳиш додани зиёни офатҳои табиӣ дасти кутаҳ доранд. Ин дар ҳолест, ки барои рафъи авоқиби офоти табиӣ созмонҳои ёригари байналмилалӣ низ ба кишвар кӯмак мекунанд.

Нашрияи «Миллат» зери унвони «Мушкилоти захираҳои обӣ-энержӣ ва заъфи дипломатияи тоҷик» матлабе мунташир карда ва дар он баҳсҳои давомдори миёни кишварҳои минтақа барои истифодаи обро ба баррасӣ гирифтааст. Муаллиф бо таъкиди ногузир будани бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки масъулони сиёсати хориҷии Тоҷикистон натавонистаанд ин заруриятро ба ҷомеаи байналмилалӣ бифаҳмонанд. Муаллиф махсусан аз нақши норӯшан ва гоҳо мухолифи Русия ба унвони шарики стратегӣ дар ин масъала зикр карда, пешниҳод мекунад, ки мавзӯи ҳузури Русия дар ин тарҳ бояд ҳарчи зудтар яктараф карда шавад.

Ҳафтаномаи «Озодагон» таҳти унвони «Ба дархости вазорати фарҳанг чӣ гуна баҳо медиҳед»? пурсишеро миёни масъулин ва сармуҳаррирони нашрияҳои чопи Душанбе доир кардааст. Дар ҳафтаи гузашта вазорати фарҳанг аз роҳбарияти нашрияву расонаҳои кишвар ба таври шифоҳӣ дархост кардааст, ки дар бораи кормандони худ маълумотнома пешниҳод кунанд. Зафар Абдуллоев, раҳбари хабаргузории «Авесто» гуфтааст, ин пешниҳод азбаси расмӣ, яъне катбӣ нест, онро набояд ҷиддӣ гирифт. Аммо Саймуддин Дӯстов ,аз муассисони нашрияи «Нигоҳ» гуфтааст, ин кори баде нест. Зеро ба амнияти иттилооти кишвар иртибот дорад, дар ҳоле ки дар кишвар намояндагони расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд ва ин расонаҳо аз берун идора мешаванд ва онҳо баъзан ҳадафҳои сиёсии худро доранд.

Муовини Аҳмадинажод бо Рустами Эмомалӣ вомехӯрад. Ба навиштаи нашрияи «Нигоҳ», ҳукумати Тоҷикистон ва кишвари Эрон тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориҳои расмиро дар бахши ҷавонон таҳким бахшанд ва барои равнақи ин равобит асноди зарурӣ ба тасвиб расонанд. Бо ин мақсад Ҳоҷиалии Акбарӣ, муовини раисҷумҳури Эрон ва ҳамзамон раиси Созмони миллии ҷавонони ин кишвар вориди Тоҷикистон шудааст. Нашрия аз қавли манобеи сафорати ҷумҳурии исломии Эрон навиштааст, дар ҷараёни сафари мақоми баландпояи ҳукумати Эрон ӯ бо муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ низ дидору мулоқот анҷом медиҳад. Ва ин нахустин мулоқоти расмии Рустам дар фаъолияти кориаш дар ин мақом аст.

Дар асоси як хабари дигар аз нашрияи «Тоҷикистон» бахшида ба таҷлил аз иди пирӯзӣ бар Олмони нозӣ дар рӯзи 9 май, Рустами Эмомалӣ ва чанде дигар аз масъулони Иттифоқи ҷавонониТоҷикистон ба аёдати собиқадорони ин ҷанг рафтаанд. Нашрия менависад, дар ин дидор Рустам ва ҳамроҳонаш ба кӯҳнасарбозон миқдоре маводи ғизоӣ кӯмак кардаанд.

«Фараж» дар сӯҳбате бо нависанда Ато Ҳамдам ҳикояти ӯро дар бораи дарёфти муҷассамаи Спитамен аз яке аз музейҳои Италия мунташир кардааст. Ба гуфтаи Ато Ҳамдам, ӯ ин муҷассамаро дар яке аз толорҳои осорхонаи мавсум ба «Платино»-и Рум пайдо кардааст. Ин муҷассамаи Спитамен бо дастури Искандари Мақдунӣ аз сӯи пайкарасози он замон Лиссип сохта шудааст. Дар ин муҷассама Спитамен дар ҳоли ҷонканӣ ва бо чашмони нимабозу дар сар кӯлоҳи ҷангӣ тасвир ва дар зери он «Форси дар ҳоли марг» навишта шудааст.
XS
SM
MD
LG