Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 медали муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон


Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи Х1У байнулмилалӣ барои дарёфти ҷавоизи ёдбуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов дар Қазоқистон 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Алматӣ ҷараён дорад, беш аз 150 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, инчунин, Кореяи Ҷанубӣ, Муғулистон, Русия, Сурия ва Ҳиндустон ширкат меварзанд.

Аз 9 муштзани тоҷик, ки дар рақобатҳо ширкат доштанд, 3 нафар – Ораз Авзалшоев дар вазни то 51 кг, Анвар Юнусов дар вазни то 54 кг ва Мироҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале Авзалшоев ва Каримов дар сабқати ниманиҳоӣ аз рақибони худ – муштзанҳои қазоқ мағлуб шуданд. Юнусов бошад, ба иллати зарб хӯрдан дар даври чаҳорякниҳоӣ, аз қувваозмоии ниманиҳоӣ даст кашид.

Бад-ин тартиб ҳарсе муштзани тоҷик соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.

Дар ин мусобиқа муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, ки дар мусобиқаи пешин дар шаҳри Атирави Қазоқистон дар вазни то 91 кг ғолиб шуда буд, ширкат накард.

Ғолибони мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти ҷавоизи Сагадат Нурмагамбетов 14-уми май дар сабқати ниҳоӣ муайян хоҳанд шуд.

Мусобиқаи мазкур барои варзишгарони тоҷик як навъ санҷише буд пеш аз чемпионати Осиё, ки моҳи июн дар Чин баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG