Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба интишори аксҳо мухолиф аст


Раисҷумҳури ИМ Барак Обама изҳор намуд, ки ба интишори аксҳо бо саҳнаҳои азобу шиканҷаи гумонбарони терроризм мухолиф аст.

Ӯ қаблан ҷонибдори дастраси ҳамагон шудани кулли санадҳои марбут ба тарзи бархурд бо гумонбарон дар терроризм буд ва аммо баъд аз ҳушдори фармондеҳони артиш, ки гуфтанд, интишори аксҳо шояд эҳсосоти зиддиамрикоиро афзоиш дода, ҳаёти сарбозони мустақар дар кишварҳои исломиро зери хатар гузорад, мавқеъашро тағйир дод.

Додгоҳи ИМА қаблан дар бораи интишори ин аксҳо ҳукм содир карда буд. Дар аксҳо асосан саҳнаҳо аз бархурду бадрафтори нисбати гумонбарон дар терроризм дар Афғонистону Ироқ сабт шудаанд. Нашри ҳамин гуна аксҳо аз маҳбаси Абуғурайби Ироқ дар соли 2004 боиси эътирозҳои зиддиамрикоӣ дар ҳама олам ва ба вижа дар кишварҳои исломӣ шуда буд.

Моҳи гузашта Кохи Сафед эълом дошт, ки алайҳи ҳукми додгоҳ дар бораи то 28 май нашр шудани ин аксҳо чорае нахоҳад дид. Аммо ахиран сухангӯи раисҷумҳур Роберт Гибс гуфт, ки Обама аз чопи аксҳо нороҳат аст ва аз он нигарон аст, ки ин иқдом шояд норозигиҳои мардуми Ироқу Афғонистонро ба бор оварда, вазъи низомиёни амрикоӣ дар ин кишварҳоро боз ҳам мушкилтар созад.

Низомиёнро ба вижа паёмадҳои чопи аксҳо оид ба бархурд бо гумонбарони терроризм дар Афғонистон нигарон кардааст, зеро аксҳо бояд охирҳои моҳи май нашр шаванд ва маъмулан дар ин айём фаъолияти шуришиён густариш меёбад. Аз сӯи дигар, аксҳо дар арафаи интиқоли ҳазорҳо сарбозони иловагии амрикоӣ ба он кишвар чоп хоҳанд шуд, ки паёмади онро пешгӯӣ кардан душвор нест.

Ба ақидаи таҳлилгарон, талошҳо барои манъи нашри аксҳо аз тағйири чашмраси мавқеъи Обама ба сиёсати ошкорбаёнии эълонкардааш шаҳодат медиҳад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳатто баъзе ҳамҳизбони Обама аллакай ин тағйири мавқеъро мавриди интиқод қарор доданд ва аммо фармондеҳони низомӣ аз он истиқбол намуданд. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс, ки қаблан аз имкони нашри аксҳо сахт нигарон буд ва аммо иҷрои ҳукми додгоҳро ногузир мехонд, ахиран эълом дошт, ки далелҳои овардаи фармондеҳон ӯ ва раисҷумҳурро барои тағйири назар ба ин мавзӯъ таҳрик додаанд.
XS
SM
MD
LG