Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаббл" таъмиру навсозӣ мешавад


Ҳавонавардони амрикоӣ имрӯз дар фазо ба таъмиру навсозии дурбини кайҳонии “Ҳаббл” шурӯъ мекунанд. Қарор аст, ки онҳо ба ин хотир панҷ бор аз киштии “Атлантис” берун шаванд. Имрӯз аз ҷумла, бояд наворбардори дурбин нав карда шавад. “Ҳаббл” 19 сол боз дар кайҳон аст ва дар ин муддат аксҳои нодиреро бардоштааст. Навсозӣ имкон медиҳад, ки ин дурбин боз аз 5 то 10 соли дигар дар кайҳон бимонад.
XS
SM
MD
LG