Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон боз як вебсайт баста шуд


Дар Қазоқистон дастрасӣ боз ба як вебсайт ё сомонаи интернетӣ ғайримумкин гардид. Дабири сомонаи позитсия су Елена Овчинникова гуфт, ки мақомот барои бастани ин вебсайт ягон далел надоранд. Ӯ афзуд, ки соли гузашта низ мақомот барои бастани ин сомона талош карданд ва далел оварда буданд, ки баъзе аз маводи он боиси ангехтани адовати қавмӣ мегардад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки айни ҳол ҳукумати Қазоқистон дастрасӣ ба даҳ сомонаи интернетиро ғайримумкин сохтааст.
Дар ҳамин ҳол дирӯз дар Қазоқистон чанд сомонаи интернетӣ кори худро муваққатан барои як соат боздоштанд. Ин эътироз алайҳи Қонуни нави интернетии Қазоқистон буд, ки ахиран дар порлумон ба тасвиб расид. Тибқи қонуни нав Додситонии кулли Қазоқистон ҳақ дорад, ки бидуни муҳокимаи додгоҳӣ ҳар сафҳа, блог ё сомонаи интернетиро бубандад.
XS
SM
MD
LG