Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав ба тамдиди ҳузури нозирони САҲА мухолиф аст


Русия ба тарҳи тамдиди мӯҳлати ваколати ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Гурҷистон баъд аз 30 июни соли равон мухолифат кард. Хабаргузориҳо бо такя ба манобеъи дипломатӣ хабар доданд, ки Маскав бо тарҳи пешниҳодкардаи Юнон дар ин маврид розӣ нашудааст. Мақомоти Русия хостори он шудаанд, ки нозирон ҳама гуна убуру мурури худро бо мақомоти Осетияи ҷанубӣ ҳамоҳанг созанд. Бидуни ризояти Русия ҳайати нозирони САҲА, ки 16 сол боз дар минтақа фаъолият мекунанд, аз ин ҷо фаро хонда мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG