Пайвандҳои дастрасӣ

Обама мавқеъи худро бознигарӣ кард


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама изҳор намуд, ки ба интишори аксҳо бо саҳнаҳои азобу шиканҷаи гумонбарони терроризм мухолиф аст. Ӯ қаблан ҷонибдори дастраси ҳамагон шудани кулли санадҳои марбут ба тарзи бархурд бо гумонбарон дар терроризм буд ва аммо баъд аз ҳушдори фармондеҳони артиш дар мавриди паёмадҳои ногувор ва ҳатто фоҷиабори ин иқдом мавқеъашро тағйир дод. Фармондеҳон ҳадс задаанд, ки интишори аксҳо шояд эҳсосоти зиддиамрикоиро афзоиш дода, ҳаёти сарбозони мустақар дар кишварҳои исломиро зери хатар гузорад.
Додгоҳи ИМА қаблан дар бораи интишори ин аксҳо ҳукм содир карда буд. Гуфта мешавад, ки дар аксҳо асосан саҳнаҳо аз бархурду бадрафторӣ нисбати гумонбарон дар терроризм дар боздоштгоҳҳои амрикоӣ дар Афғонистону Ироқ сабт шудаанд. Нашри ҳамин гуна аксҳо аз маҳбаси Абуғрейби Ироқ дар соли 2004 боиси эътирозҳои зиддиамрикоӣ дар ҳама олам ва, ба вижа, дар кишварҳои исломӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG