Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистону Британия Толибонро баррасӣ мекунанд


Интизор меравад, ки мубориза бар зидди Толибон дар Покистон аз мавзӯъҳои аслии мулоқоти Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон ва Гордон Браун-нахуствазири Британия дар Лондон бошад. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки низомиёни Покистон амалиёти худро бар зидди ҷангиёни Толиб дар минтақаҳои шимоли ғарбӣ густариш додаанд. Вақтҳои ахир шӯришиён дар ин манотиқ зуд-зуд ба корвонҳои ҳомили коло ба Афғонистон ҳамла мебаранд.
XS
SM
MD
LG