Пайвандҳои дастрасӣ

Манобеъи энержӣ ва пешгӯиҳои амниятии Русия


Кохи Кремли Маскав дар гузорише пешгӯӣ кардааст, ки рақобатҳои шадид барои манобеъи энержӣ дар оянда метавонад ба муноқишаҳои низомӣ дар марзҳои Русия табдил ёбад. Гузориши Стротегияи Амнияти Миллӣ, ки онро Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳур имзо гузоштааст ва он дар сомонаи Шӯрои Амнияти раёсати ҷумҳурӣ ҷо дода шудааст, аз чолишҳои аслии амнияти миллӣ ва аз бартариҳои ҳукумати Русия то соли 2020 дониста шудааст. Дар он гуфта шудааст, ки ҷаҳон барои расидан ба манобеъи энержии Ховари Миёна , Баҳри Барент, минтақаҳои Арктик ва дарёи Хазару Осиёи Марказӣ талош мекунад.
XS
SM
MD
LG