Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 10 миллион зарари боришот ба Тоҷикистон


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон кард, ки бар асари боронгариҳои пайдарпай ба арсаи кишоварзии кишвар 43 миллион сомонӣ, муодили беш аз 10 миллион доллари амрикоӣ, хисорот ворид шуда, селу боришот беш аз 14 ҳазор ҳектор замини киштро шуста нобуд кардааст.

Саидмурод Баҳридинов, раиси раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ, гуфт, боришоти бесобиқа кишти пахтаро дар майдони 5390 ҳектор хароб кард, ки хисороташ наздики панҷуним миллион сомонӣ мешавад. Аммо хисороти аз ҳама бузургтар – 29 миллион сомонӣ - ба риштаи боғдорӣ расидааст. Оқои Баҳридинов афзуд, ки бар асари селу боришот беш аз 5 000 ҳектор замини кишти ғаллаву сабзавот низ нобуд шудааст.

Сафар Маҳмадиев, раиси райёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии вазорати кишоварзӣ, мегӯяд, фалокатҳои табиӣ иҷрои нақшаҳои ҳосили кишоварзонро таҳти суол қарор додаст. Вай мегӯяд, бо ин ҳама имкон дорад, нақшаи ҷамъоварии 1 миллиону 200 ҳазор тонна ғалла аз мазореи Тоҷикистон иҷро бишавад, аммо имсол ҳам гумон аст, ки нақшаи пахта иҷро шавад.

Масъулони вазорати кишоварзӣ гуфтанд, ки умедворанд барои рафъи хисороти ворида созмонҳо ва кишварҳои кӯмакрасон дасти ёрии худро аз хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон дареғ нахоҳанд дошт. Аммо то кунун дар бозорҳои Тоҷикистон афзоиши нархҳо ба мушоҳида нарасидааст. Вале ба назари ҳам масъулин ва ҳам таҳлилгарон, имсол ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ бар асари офоти ахири табиӣ ҳатман ва ба таври қобили мулоҳиза тағйир хоҳад ёфт, ки ба навбати худ, афзоиши ногузири нархи ин маҳсулотро дар бозор дар пай хоҳад дошт.

Коршиносон аммо мегӯянд, дар ояндаи наздик таъсири фалокатҳои табиӣ ҳатман ба кисаи мардум ҳам хоҳад расид. Ба гуфтаи онҳо, офатҳои табиӣ имкон дорад, вазъи бозори маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро ба ҳам занад, зеро кам шудани ҳосили меваҷоту сабзавот дар ниҳоят ба афзоиши ногузири қимати маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор анҷом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG