Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Туркия ба Озарбойҷон


Имрӯз Туркия ба Озарбойҷон қавл дод, ки марзҳояш бо Арманистонро боз нахоҳад кард, агар Арманистон аз нақши доимии худ дар мубоҳисоти Қарабоғи Кӯҳистонӣ даст накашад. Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия ин нуктаро баъд аз мулоқоташ бо Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар нишасти хабарӣ дар Боку изҳор дошт. Озарбойҷон аз талошҳои ахири Туркияву Арманистон барои мусолиҳаи ҷонибҳо, ки метавонад бо боз шудани марзҳои ҳар ду кишвар ба поён расад, нигарон аст. Туркия марзи худро соли 1993 бар рӯи Арманистон баст ва бад-ин тариқ ҳимояти худро аз Озарбойҷон барои қаламрави Қарабоғи Кӯҳистонӣ нишон дод.

XS
SM
MD
LG