Пайвандҳои дастрасӣ

Боришоти шадид ва сели рӯзи ҷумъаи 8-уми май дар деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Турсунзода ҷони се тифлро аз як хонадон рабуд. Падари 7 фарзанд, Муродулло Сафаров ду фарзанди хурдии худ: Меҳроби 8-сола ва Танзилаи 3-соларо дар ин фоҷеа аз даст дод. Зиёвуддини яксоларо бошад, онҳо як рӯз пеш аз Душанбе ба меҳмонӣ оварда буданд. Ин тифлаки меҳмон ҳамакнун паҳлӯи ду кӯдаки хешаш дар гӯристон хоб аст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои дуо кардан ба ин деҳа рафтанд. Мутаассифона, кадрҳое аз мавзеъ, ба мисли кадрҳои ҷойе, ки ҷасади тифлон ёфт шуда буд ва кадрҳое аз гӯристон, аз қабрҳои ин тифлакон бо иштибоҳе фаннӣ аз даст рафтанд. Вале мояи таассуфи бештар аз даст рафтани ин се тифлак аст, куҷо чанд кадр.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG