Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози яксоатаи шабакаҳои интернетии Қазоқистон


Имрӯз дар Қазоқистон чанд сомонаи аслии интернетӣ муваққатан кори худро бозмедоранд. Эътироз ҳамин соат, яъне аз соати 15 то 16-и вақти Остона давом мекунад. Ин кор ба нишонаи эътироз бар зидди Қонуни нави интернетии Қазоқистон анҷом мегирад, ки ахиран дар поламон ба тасвиб расид. Ҷонибдорони ин эътироз шабакаҳои интернетии "kz"-ро як соат тарк мекунанд ва соҳибони он дар сафҳаҳои худ танҳо аломати коршиканиро нишон медиҳанд. Бино ба хабарҳо аз Қазоқистон, баъзе сомонаҳои Русия низ ба ҷонибдорӣ аз ҳамкорони қазоқии худ даст ба чунин иқдом хоҳанд зад. Тибқи қонуни нав ҳоло Додситонии кулли ин кишвар ҳақ дорад бидуни муҳокима дар додгоҳ ҳар сафҳа, блог ё сомонаро бибандад.
XS
SM
MD
LG