Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гази Эрон аз лӯлаи нав ба Арманистон меояд


Ҳафтаи ҷорӣ барои аввалин бор интиқоли гази Эрон ба Арманистон оғоз мешавад. Арманистон кишварест, ки шадидан пойбанди гази Русия мебошад. Лусине Ҳарутиуниён - вазири энержии Арманистон ба радиои Озодӣ гуфт, интиқоли гази Эрон ба Арманистон аз лӯлаи нав анҷом мегирад. Арманистон гази Эронро ворид ва онро барои тавлиди барқ истифода мекунад. Сипас ин барқ ба Эрон содир мешавад. Лӯлаи нави газ соле аз Эрон метавонад 2 миллиарду 300 миллион метри мукааб газ интиқол диҳад. Ин ба меъёри газе баробар аст, ки солона Арманистон аз Русия ворид мекунад. Дар ибтидо интиқоли газ аз лӯлаи нав дар ҳаҷми 2 миллион метри мукааб оғоз мешавад ва то соли 2011 он ба 4 миллион хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG