Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст


Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар Тоҷикистон нархи оби ошомиданӣ аз 30 то 50 дарсад боло рафтааст. Ин кор бино ба пешниҳоди Бонки Аврупоии Бозсозиву Рушд анҷом гирифтааст. Раҳмат Бобокалонов-раиси кулли ширкати воҳиди давлатии хоҷагию манзил гуфтааст, нархи оби ошомиданӣ аз оғози соли ҷорӣ боло рафтааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло нархи 1 метри мукааб об барои аҳолӣ 18 дирам ва барои сохторҳои бозаргонӣ 56 дирамро ташкил медиҳад. Оқои Бобокалонов гуфтааст, мумкин аст дар оянда нархи об бештар боло равад, зеро нархи об дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ арзонтар аст. Ба гуфтаи ин манбаъ, хадамоти обрасонии кишвар барои ҳифзу мроқибати шабакаҳои худ ба сармоягузориҳои бештар ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG