Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиндустон дар марҳалаи ниҳоии интихоботи саросарӣ


Ҳиндустон вориди марҳалаи ниҳоии интихоботи сартосарӣ шуд. Беш аз 100 миллион нафар аҳолии дорои ҳақи рай дар 9 аёлат имрӯз метавонанд барои 86 ҷой дар маҷлиси поёнии порламони дорои 543 курсӣ рай диҳанд. Интизор меравад, ки рӯзи шанбе натиҷаҳои интихобот эълон шавад ва порламони нав то 2-юми июн порламони кунуниро иваз кунад. Ба назар намерасад, ки эътилофи ҳоким ба раҳбарии ҳизби Конгресс ва ё эътилофи мухолифон ба раҳбарии ҳизби миллатгарои Бҳаратиа Ҷаната битавонанд аксарияти қотеъ ба даст оранд.
XS
SM
MD
LG