Пайвандҳои дастрасӣ

Авфи Байналмилалӣ таҳқиқи ошӯби Андиҷонро хостааст


Бар асари ҳамлаи низомиён ба эътирозгарон дар Андиҷон садҳо нафар кушта шуданд

Бар асари ҳамлаи низомиён ба эътирозгарон дар Андиҷон садҳо нафар кушта шуданд

Созмони Amnesty International ва ё Афви Байналмилалӣ дар як номаи саргушода аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки барои тафтиши мустақилонаи ҳаводиси шаҳри Андиҷони Узбакистон дар рӯзи 13 майи соли 2005 пойфишорӣ кунад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо такя ба шоҳидони ин ҳаводис гуфтаанд, ки бар асари саркӯбсозии тазоҳурот аз сӯи артиш дар ин шаҳр садҳо нафар кушта шудаанд. Дар ин нома омадааст, ки “он рӯз маҳбусон аз зиндон фирор карда, бо издиҳоми мардум омехтанд ва артиш сӯи издиҳом оташ кушод”.

Amnesty International навиштааст, ки баъд аз ин ҳаводис вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон бадтар шуд. Фаъолони ҳуқуқи башари Узбакистон мавриди таъқибу фишор қарор гирифтанд. Фаррух Юсуфӣ, корманди бахши узбакии Радиои Озодӣ ҳам мегӯяд, ки фишор на фақат болои ҳомиёни ҳуқуқи башар, балки болои байнулмилалӣ ва радиоҳои хориҷӣ, ки дар бораи ҳаводиси Андиҷон гузориш пахш мекарданд, низ шадид шуд ва бо баста шудани онҳо поён ёфт:

“Воқеан ҳам таъқибу фишор алайҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар афзоиш ёфт ва ҳамчунин баъд ин ҳодиса намояндагиҳои радиоҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Радиои Озодӣ ва Би-Би-Си дар Тошканд баста шуданд. Мақомот ҳамчунин дафтарҳои чандин созмонҳои байнулмилалиро маҳкам карданд”.

Дар пайи рӯйдодҳои Андиҷон дар Узбакистон 357 нафар, бо шумули 40 хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башар, бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон кашида шуданд...
Ба иттилои созмони дигари дифоъ аз ҳуқуқи башар - “Мемориал” (Маскав), дар пайи рӯйдодҳои Андиҷон дар Узбакистон 357 нафар, бо шумули 40 хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башар, бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон кашонида шуданд. Зимнан, бори аввал нест, ки созмонҳои байнулмилалӣ хостори тафтиши мустақилонаи ҳаводиси Андиҷон мешаванд. Даъватҳо барои ин гуна тафтиш як ҳафта баъд аз саркӯбшавии тазоҳурот дар майдони Бобури Андиҷон садо доданд, ки хашми Тошкандро ба бор овард.

Мақомоти Узбакистон дар пайи пойфишории Вошингтон барои тафтиши мустақили ҳодисаҳои Андиҷон дар бораи бастани пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Хонобод тасмим гирифтанд. Дар посух ба сарпечии Тошканд аз тафтиши байнулмилалии ҳаводиси Андиҷон Иттиҳодияи Аврупо алайҳи ҳукумати Узбакистон таҳримҳо эълон кард, ки ағлаби онҳо фақат соли гузашта лағв шуданд.

Amnesty International ваё Афви Байналмилалӣ дар номаи худ аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кардааст, ки дар арафаи нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳукумати Узбакистон дархости тафтиши мустақилонаи ҳаводиси Андиҷонро кунад. Ин нишаст бо ибтикори Иттиҳодияи Аврупо бояд рӯзи 29 май баргузор шавад. Ба иттилоъи мақомоти Узбакистон, рӯзи 13 майи соли 2005 дар Андиҷон бо шумули низомиён 187 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ва аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ин ҳодиса садҳо нафар кушта шуда, садҳо нафари дигар иҷборан Узбакистонро тарк намуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG