Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА нахустин бор дар қатори 18 кишвари ҷаҳон ба мӯҳлати се сол узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ интихоб шуд.

Шӯро, ки мақараш дар шаҳри Женеваи Швейсария аст, дар умум 47 курсӣ дорад. Ин бори нахустин аст, ки Амрико барои кор дар ин шӯро таваҷҷуҳ зоҳир мекунад - то ба сари қудрат омадани президент Барак Обама Вошингтон фаъолияти ин ниҳодро бойкот мекард.

Дар ҳамин ҳол, сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, ки аз нигоҳи Вошингтон дар кори Шӯро ҳанӯз камбудиҳо зиёданд ва аммо, афзуд ӯ, ҳукуматаш умедвор аст, ки аз роҳи ҳамкории самаранок бо кишварҳои узв фаъолияти Шӯрои ҳуқуқи башарро тақвият дода, ба сохтори он ислоҳоти зарурӣ ворид кунад.

Миёни он кишварҳое, ки ахиран ба ин шӯро интихоб шуданд, Чин, Куба ва Арабистони Саудӣ низ ҳастанд, ки борҳо барои нақзи ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифтаанд. Шӯро барои расидагии вазъи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон дар як сол се бор ҷаласа доир мекунад. Ҳамчунин ҳангоми ба миён омадани ягон бӯҳрони марбут ба ҳуқуқи башар нишастҳои фавқулодда даъват мешаванд. Шӯро ӯҳдадор аст, ки вазъи ҳуқуқи башарро дар ҳама кишварҳои узви СММ баррасӣ намуда, дар мавриди зарурӣ барои тасдиқи нақзи ин ҳуқуқ ба кишварҳои ҷудогона мутахассисони худро фиристад.

Мунаққидон бар инанд, ки дар Шӯро кишварҳои исломӣ ва ҷонибдоронашон аксариятро ташкил медиҳанд ва ин кишварҳо бештар рӯи мушкили бархурди Исроил бо фаластиниҳо тамаркуз карда, поймолшавии озодиҳои шаҳрвандӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушдро нодида мегиранд. Маъмурияти раисиҷумҳури пешин Ҷорҷ Буш маҳз ба ҳамин хотир аз ширкат дар кори Шӯрои ҳуқуқи башари СММ худдорӣ меварзид.

Ба ақидаи таҳлилгарон, натиҷаҳои овоздиҳӣ аз қабл маълум буд ва бино бар низоми интихоботии минтақавӣ, баъд аз он, ки Зеландияи Нав аз номзадиаш даст кашид, барои ИМА ягон рақиб боқӣ намонд. Барои интихоб шудан ҳар се кишвари минтақаи мушаххас ба аксарияти оро ё 97 раъйи аъзои маҷмаи умумӣ ниёз доштанд. Дар гурӯҳи минтақавии мазкур ҳамагӣ се кишвар буд ва ҳамин тавр, ҳар се, яъне Норвегия бо 177 раъй, Белгия - 179 раъй ва Амрико - 167 раъй ба узвияти Шӯро интихоб шуданд.

Амрико солҳо аз пуштибонҳои аслии ҳуқуқи башар дар ҷаҳон маҳсуб мешуд ва ҳамеша вазъи ҳуқуқи башарро дар дигар кишварҳо ҳадафи танқид қарор медод. Ва аммо солҳои охир дар робита ба бархурдаш бо гумонбарони терроризм ҳукумати Амрико мавриди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи башар қарор дошт.

Дирӯз Русия, Маҷористон, Нигерия, Камерун, Ҷибуттӣ, Мавритания, Сенегал, Бангладеш, Чин, Урдун, Арабистони Саудӣ, Куба, Мексика, Қирғизистон ва Уругвай низ ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ интихоб шуданд.
XS
SM
MD
LG