Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Попи Рум ҷонибдори Ҳитлер буд?


Намояндаи Ватикан изҳор намуд, ки Попи Рум Бенедикти 16 ҳеҷ гоҳ узви “ҳитлерюгенд”– созмони ҷавонони пуштибон аз Адолф Ҳитлер набуд. Ба гуфтаи Федерико Ломбардӣ, Бенедикти 16 овони ҷавонияш дар сафи нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ хизмат мекард, ки ба иделогияи нозӣ ҳеҷ рабте надошт. Изҳороти Ломбардӣ ба думболи матолиби бархе аз нашрияҳо пахш шуд, ки дар онҳо ба узвияти Попи Рум ба “ҳитлерюгенд” ишора шудааст. Зимнан, қаблан худи Бенедикти 16 иқрор карда буд, ки замони наврасияш зери фишор ба ин созмони ҷавонони пуштибон аз Адолф Ҳитлер шомил шуда буд. Имрӯзҳо Попи Рум аз ҷойҳои муқаддаси Ховари Миёна зиёрат мекунад.
XS
SM
MD
LG