Пайвандҳои дастрасӣ

Қимати нафт каме боло рафт


Қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ боло рафт ва то ба 60 доллар барои як бушка расид. Ба гуфтаи коршиносон, болоравии қимати нафт бо хушбиниҳо дар мавриди хатми бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва афзоиши талабот ба маводи сӯхт бастаӣ дорад. Нафти навъи WTI дар Амрико дирӯз бо қимати 60 доллар барои як бушка ва нафти навъи Brent дар Лондон бо қимати 58 доллару 64 сент барои як бушка фурӯхта шуд. Гуфта мешавад, ки қимати нафт назар ба моҳи январи соли равон 80 дар сад боло рафтааст. Коршиносон мегӯянд, ки ба афзоиши қимати нафт коҳиши қурби доллар ҳам таъсир гузоштааст.
XS
SM
MD
LG