Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ интихоб шуд


ИМА дар қатори 18 кишвар ба мӯҳлати се сол узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ интихоб шуд. Шӯро, ки мақараш дар шаҳри Женеваи Швейсария аст, дар маҷмӯъ 47 курсӣ дорад. Ин бори нахустин аст, ки Амрико барои кор дар ин Шӯро таваҷҷуҳ зоҳир мекунад - то ба сари қудрат омадани президент Барак Обама Вошингтон фаъолияти ин ниҳодро таҳрим мекард.
Дар ҳамин ҳол сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, ки, аз нигоҳи Вошингтон, дар кори Шӯро ҳанӯз камбудиҳо зиёданд, ва аммо афзуд ӯ, ҳукуматаш умедвор аст, ки "аз роҳи ҳамкории босамар бо кишварҳои узв фаъолияти Шӯрои Ҳуқуқи Башарро тақвият ёфта, ба сохтори он ислоҳотҳои зарурӣ ворид мешавад.”
Дирӯз ҳамчунин Русия, Маҷористон, Белгия, Норвегия, Нигерия, Камерун, Ҷибутти, Мауритиус, Сенегал, Бангладеш, Чин, Урдун, Арабистони Саудӣ, Куба, Мексика, Қирғизистон ва Уругвай низ узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ интихоб шуданд.
XS
SM
MD
LG