Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти мухолифин густардатар мешавад


Тазоҳуроти аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон на фақат дар Тифлис, балки дар дигар шаҳрҳои бузурги кишвар ҳам идома хоҳад кард. Дар ин бора раҳбарони мухолифин хабар доданд. Бегаҳи дирӯз дар назди бинои парлумони Гурҷистон тақрибан дуву ним ҳазор нафар ҷамъ омада боз ҳам хостори истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ шуданд. Левон Гачечиладзе, яке аз раҳбарони мухолифин дар ин ҳамоиш гуфт, ки намоишҳои эътирозӣ густардатар мешаванд ва рӯзҳои наздик ду шаҳри бузурги кишвар - Кутаисӣ ва Батумиро ҳам фаро хоҳанд гирифт.
Рӯзи душанбе мулоқоти раисиҷумҳур бо раҳбарони мухолифин бидуни натиҷа поён ёфт – Михаил Сакашвилӣ дар ин нишаст аз баррасии мавзӯъи истеъфояш сарпечӣ кард. Аҳзоби мухолиф раисиҷумҳурро, аз ҷумла, дар он муттаҳам мекунанд, ки тасмими ӯ барои шурӯъи амалиёти низомӣ дар Осетияи ҷанубӣ боиси аз ҳайати Гурҷистон хориҷ шудани ду ҷумҳурии ҷудоиталаб – Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон гардид.
XS
SM
MD
LG