Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми ифтитоҳи сохтмони нави Радиои Озодӣ


Рӯзи сешанбе дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, маросими гушоиши қароргоҳи ҷадиди Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ баргузор шуд.

Дар ин маросим раисиҷумҳури Эстония Томас Илвес, шаҳрдори Прага Павел Бем, вузарои собиқи умури хориҷӣ ва умури аврупоии Чехия Карел Швартсенберг ва Александер Вондра ва ҳамин тавр, як гурӯҳ аз дипломатҳо ва сафирони муқими Прага ширкат варзиданд.

Президенти Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ Ҷеф Гедмин дар ин маросим аз ҷумла гуфт: “Ин як рӯзи фархунда дар ҳаёти ин

Ин як рӯзи фархунда дар ҳаёти ин ширкати бузург аст.

ширкати бузург аст. Дар ҳузури ин ҳама меҳмонони барҷаста гушуда шудани сохтмони нави Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ мояи ифтихор аст. Аммо муҳимтар аз ҳама, ин имконест барои истиқбол аз хабарнигорони ҷасури мо ва миллионҳо нафаре, ки ҳамарӯза гӯш ба Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ медиҳанд.

Расми гушоиши қароргоҳи Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:22 0:00


Раисиҷумҳури Эстония Томас Илвес, ки модараш дар солҳои нахусти ифтитоҳи Радио мудири бахши эстонӣ буда, худи оқои Илвес, ба таъбире, “фарзанди Радио”-ст, дар расми ифтитоҳи қароргоҳи нави Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ гуфт: “Ман касеям, ки худ дар ин ҷо 9 сол кор кардаам ва бозгашт ба ин ҷо бароям ҳодисае фавқулодда аст. То замоне ки 28 кишвари коммунистии собиқ ва дар доираи нуфузи шӯравии собиқ ба озодии комили матбуот бирасанд, ин радио як расонаи хеле муҳим боқӣ хоҳад монд.”

Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ дар оғози солҳои 50-уми асри гузашта таъсис ёфта, соли 1995 аз Мюнхени Олмон ба Прага кӯчид. Тайи 14 сол қароргоҳи Радио дар маркази Прага, дар сохтмони пешини парлумони Чехословакия фаъолият мекард. Сохтмони қадими Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ дар Прага аз ин ба баъд ба ихтиёри Осорхонаи мардумии Ҷумҳурии Чех гузошта мешавад.


XS
SM
MD
LG