Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Молдова раиси парлумон шуд


Раиси ҷумҳурии канорравандаи Молдова Владимир Воронин дар паи овоздиҳии парлумоние, ки аз ҷониби мухолифин бойкот шуд, раиси нави маҷлис интихоб гардид. Раҳбари собиқадори коммунисти Молдова, ки ҳақи ширкати сеюмбора дар интихоботи раёсатҷумҳуриро надорад, бо 52 овози мавриди ниёз дар ин раъйдиҳӣ пирӯз шуд. Ҳоло парлумон бояд президенти нави Молдоваро интихоб кунад. Коммунистҳо дар парлумон аз 61 раъйи зарурӣ барои ҳақи интихоби президент як раъйи кам доранд. Моҳи гузашта натиҷаҳои баҳсбарангези интихобот боиси сар задани эътирозҳои шадид дар хиёбонҳои Кишинев шудааст.
XS
SM
MD
LG