Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати сокини Зафаробод дар марзи Узбакистон


Як посгоҳи марзии Узбакистон

Як посгоҳи марзии Узбакистон

Субҳи имрӯз, 12 май, як сокини 34-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз тири марзбони узбак дар минтақаи Хавоси марзи Узбакистон кушта шуд.

Алишер Бойқузиев, соли 1975, замоне ҳадафи тири марзбонон қарор гирифт, ки савори мотосикл аз Узбакистон бармегашт. Шоҳидон мегӯянд, Алишер Бойқузиев гӯё ба амри марзбонони узбак, ки ӯро манъ кардааст, итоат накардааст ва марзбонон алайҳаш тир мекушоянд. Ба гуфтаи онҳо, Бойқузиев, ки қаблан як дафъа аз ҷониби марзбонон манъ ва тафтиш шуда буд, ба ин гурӯҳи марзбонон мегӯяд, ки маро ҳамин ҳоло тафтиш карданд, тафтиши дубора чӣ зарурат дорад? Аммо баъд аз дубора савори мотосикл шуда, ҳаракат карданаш садои тир баланд мешавад.

Хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ дар Хуҷанд аз қавли шоҳидон хабар медиҳад, ки Бойқузиев баъд аз захмӣ шуданаш ҳадафи латукӯби марзбонони узбак ҳам қарор гирифта, дар натиҷа даступояш низ мешиканад. Ба хешовандони Бойқузиев танҳо баъд аз зӯҳри сешанбе муяссар мешавад, ҷасади ӯро бигиранд ва дар зодгоҳаш ба хок бисупоранд.

Ба гуфтаи пайвандони Алишер Бойқузиев, ӯ ба тиҷорат машғул буд ва асосан бо ҳадафи анҷоми тиҷорат ба Узбакистон равуо мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG