Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арҷгузорӣ ба мусиқии қадимаи миллӣ


Tajikistan -- Annual musical competition "Surudi sol" in Dushanbe, Tajikistan, 01May2008
Tajikistan -- Annual musical competition "Surudi sol" in Dushanbe, Tajikistan, 01May2008

Сешанбеи 12 май, дар Тоҷикистон ва пойтахти он, шаҳри Душанбе рӯзи “Шашмақом” таҷлил шуд.

Бахшида ба ин рӯз дастаи “Шашмақом”-хонони ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон як консерти калон бо ширкати “Шашмақом”-хонони шинохта ва ҷавон баргузор кард. Инчунин дар маҳофили ҳунарӣ низ ин рӯз сухан дар боби “Шашмақом” ва “Шашмақом”-хонӣ буд.

Тибқи маъхазҳои таърихӣ, “Шашмақом” таърихи тӯлоние дорад, ки ба ҳазор сол мекашад. Ин ҳунар нахуст дар Бухоро зуҳур кардаву сипас ба Самарқанд, Хуҷанд ва дигар манотиқ доман паҳн кардааст. Дар гузашта дар Бухорову Самарқанд, мактабҳо маҳфилҳои бузургу бонуфузи “Шашмақом”-хонӣ вуҷуд доштааст.

Бобоҷалолу Бобоғиёс, Содирхон, Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Мулло Ибодуллоҳи Ҳисорӣ аз устодони маъруфи “Шашмақом” дар аҳди аморати Бухоро буда, дар даврони шӯравӣ ин навъи мусиқии миллиро устодони дигаре, чун Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соиб ва Фазлиддин Шаҳобов “Шашмақом”-ро сайқали бештар доданд. Дар солҳои 60 – 70-уми асри гузашта, ки низоми вақти коммунистӣ ба рушди ҳунарҳои милливу суннатии мардумони Осиёи марказӣ эҳтироми чандоне қоил набуд, насли дигари “Шашмақом”-хонон, аз қабили Маъруфхӯҷа Баҳодур, Нериё Аминов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова ва Аҳмад Бобоқулов ба майдони ҳунар омадаву ҳунари “Шашмақом”-ро дар фазои Тоҷикистон тавонистанд ҳифз кунанд.

Феълан дар консерваторияи миллии Тоҷикистон мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев дар донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода бахшҳои махсуси “Шашмақом”-хонй фаъолият доранд. Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, як Академияи вижаи “Шашмақом” низ вуҷуд дорад, ки ба таҳқиқи ин сабки қадимии мусиқӣ машғул аст.

Ҷузъиёти бештари ин ва дигар хабару таҳаввулоти фарҳангии Тоҷикистону ҷаҳонро шоми панҷшанбе, 14 май дар нашри навбатии маҷаллаи “Фарҳанг ва Андеша” шунавед.

Барои шунидани мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо Фурқати Саид - овозхони шинохта ва сарвари дастаи “Шашмақом”-хонони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон тугмаи “Бишнавед”-ро дар боло дар тарафи рост зер кунед.
XS
SM
MD
LG