Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили рӯзи "Шашмақом" дар Тоҷикистон


Аз соли 1999 ба ин ҷониб бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 12-уми май ба унвони рӯзи «Шашмақом» таҷлил мешавад.

Ин иқдом ба манзури ҳифзи сунати овозхонии класикии тоҷикӣ ва тақвияти мактаб ва ҳунари мақомхонӣ амалӣ шудааст. Имрӯз, 12 май низ чун анъанаи даҳ соли охир, ҳунарнамоии устодони «Шашмақом» ба муносибати ин рӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуд.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ Нуралӣ Набиев, муовини раиси Филармонияти Давлатии Тоҷикистон ба ин масъала пардохт, ки эълони рӯзи "Шашмақом" то куҷо ба рушди мақомхонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба ин навъи ҳунар мусоидат кардааст?

Барои шунидани сӯҳбати Нурлӣ Набиев тугмаи "Бишнавед"-ро дар тарафи рост зер кунед.
XS
SM
MD
LG