Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи муттаҳамони ҷароҳати духтаре дар боғи вуҳуш


Дар Душанбе мурофиаи додгоҳие шурӯъ шуд, ки масъулияти раҳбарияти боғи ҷонварони Душанберо дар баробари ҳодисаи маҷрӯҳ шудани як духтари наврасе дар соли 2006 бар асари ҳамлаи хирсе баррасӣ мекунад. "Авасто" аз қавли додгоҳи ноҳияи Сино хабар медиҳад, ки аризаи додгоҳӣ аз ҷониби волидони Лиза Шемякина, духтари маҷрӯҳшуда расидааст. Волидони Шемякина, низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия мегӯянд, ки дар давоми се соли баъди ҳодиса бо барқарории духтарашон машғул буданд ва тоза тасмим гирифтанд, ки корро ба додгоҳ кашонанд. Дар он ҳодисаи мудҳиши моҳи майи соли 2006 Лиза, ҳангоми кӯшиши додани ноне ба хирси дохили қафас аз дасти худ маҳрум мешавад. Маъмурияти боғи ҷонварон мегӯянд, ки волидони духтарак муқаррароти муҳими боғро нодида гирифтаанд, ки нон додан ба ҷонваронро қатъиян манъ мекунад. "Авасто" аз қавли маъмурияти боғи вуҳуши Душанбе менависад, ки дар давоми солҳои 2001 то 2006 дар ин ҷо се ҳодисаи ҳамлаи ҷонвар ба одам ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG