Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозири пешини қароргоҳи нозӣ ба Олмон истирдод шуд


Имрӯз Ҷон Демянюк, ки барои дар ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳайси нозири як қароргоҳи фашистони нозӣ хизмат карданаш муттаҳам мешавад, тавассути ҳавопаймое аз ИМА ба Олмон интиқол дода шуд. Ӯро дар мушорикат ба куштори 29 ҳазор яҳудӣ дар қароргоҳҳои консентратсионии Олмони нозӣ муттҳам мекунанд. Эҳтимол меравад, ки додгоҳи Демянюки зодаи Украина яке аз пурсарусадотарин мурофиаҳои асри нав гардад, чунке қазияи ӯ солҳои зиёд аст рӯи дасти мақомоти ҳифзи қонун мегардад ва ҳоло дар синни 89-солагиву саломатии нохубаш вай бояд ҳукми ниҳоии додгоҳиро бигирад. Имрӯз вай дар баробари додгоҳ ҳозир шуда барояш айбномаи расмӣ дода шавад. Баъдан вай бояд ба зиндоне дар Мюнҳен, ҷануби Олмон интиқол меёбад, ки он ҷо мавриди санҷиши тиббӣ қарор дода хоҳад шуд. Демянюк ҳама иттиҳомоти зидди худро рад карда моҳҳои зиёд барои истирдод нашудани худ ба Аврупо мубориза бурдааст. Аммо ахиран додгоҳе дар Амрико ҳукм кард, ки ӯ бояд дар мурофиаи додгоҳии аврупоӣ барои иттиҳомоти воридааш посух гӯяд.
XS
SM
MD
LG