Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи рисолати сулҳи Попи Рум дар Байтулмуқаддас


Попи Рум Бенедикти 16 амокини мазҳабии масеҳӣ, мусалмонӣ ва яҳудии Байтулмуқаддасро зиёрат кард. Дар мулоқот бо муфтии аъзами масҷиди Қуббаттуссахро вай даъват кард, ки низоъҳои гузаштаро фаромӯш карда вориди гуфтугӯ шаванд. Инчунин вай дар Девори Ғарбӣ, ки ҳамчун ибодатгоҳи пешини шоҳ Сулаймон маъруф аст намоз гузошта бо ду хохоми аршади исроилӣ мулоқот орост. Дар ин мулоқот вай аз ҷумла гуфт:

"Бешубҳа, эътимод як ҷузви калидии музокироти созанда мебошад. Имрӯз ман имкони инро дорам, ки батакрор бигӯям Калисои католикӣ ба роҳи интихобкардаи Шӯрои дуюми Ватикан оид ба эҳёи дарозмуддати равобити миёни масеҳиёну яҳудиҳо тааҳҳуд кардааст".

Дар мулоқот бо масеҳиён ӯ гуфт, ки боқӣ мондани ҷомеаи масеҳиён дар Ховари Миёна барои беҳбудёбии ҷомеа ҳаётан муҳим аст.
XS
SM
MD
LG