Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсеаи амалиёт дар Свот


Имрӯз гурӯҳҳои вижаи амниятии Покистон дар амри тавсеаи амалиёти зидди Толибон дар водии Свот тавассути чархболҳо дар майдони муҳориба фуруд омаданд. Артиш имрӯз гуфт, ки нирӯҳо бо кӯмаки тӯпхонаву ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳудудан 700 ҷангиро дар водии Свот ва дар маҳалҳои ҳамсояи он ба ҳалокат расондааст. Дар чаҳорчӯби амалиёти мазкур инчунин роҳи муҳоҷирону беҷошудагон барои фирор аз маконҳои ҷангӣ барои муддате боз шуд. Артиш мегӯяд, ки шумори куллии мардуми беҷошуда ҳоло 1,3 миллион нафарро ташкил медиҳад ва тақрибан ним миллион нафари онҳо соли гузашта ба марзи минтақаи Баҷур фирор карда буданд. СММ дар даргириҳои ахир 360 ҳазор нафарро сабти ном кардааст, ки маконҳои зисти худро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG