Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди Ҷон Демянюк аз Амрико ба Олмон


Ҷон Демянюк дар роҳи истирдод аз фурудгоҳи Мюнхени Олмон ба боздоштгоҳ
Ҷон Демянюк дар роҳи истирдод аз фурудгоҳи Мюнхени Олмон ба боздоштгоҳ

Ҷон Демянюк, яке аз охирин муттаҳамони зиндамондаи ҷиноятҳои ҷангии даврони ҷанги дуввуми ҷаҳон, рӯзи сешанбе аз Амрико ба Олмон оварда шуд.

Додгоҳи Олмон Демянюкро ба мушорикат дар қатли 29 000 яҳудӣ ва асирони дигар дар зиндони Собибор айбдор мекунад. Ҷон, ё Иван, Демянюк, ки зодаи Украина буда, 89 сол дорад, ин иттиҳомотро радд карда, тайи севуним сол талош кард, ки худро дар додгоҳҳои Амрико аз имкони истирдод ба Олмон дифоъ кунад. Вале дар ниҳоят додгоҳи олии Амрико дархости баррасии дигарбораи қазияи ӯро радд кард ва қарори мақомот дар мавриди лағви шаҳрвандии Амрико ва истирдоди Демянюк ба Олмонро ба қувваи худ боқӣ гузошт.

Истирдоди Ҷон Демянюк ба Олмон зоҳиран охирин саҳифаро дар ин қазияи пурсарусадо боз мекунад. Ҷон Демянюк соли 1920 дар
Ақли кас намегирад, ки чигуна касе, ки масъули қатли 29 000 нафари бегуноҳ аст, тавонист, ба истиснои 6 соли ҳабс дар Исроил, боқии умри худро дар озодӣ ба сар барад?
Украина ба дунё омада, ба гуфтаи худи ӯ, то замони асир афтоданаш дар сафи Артиши Шӯравӣ алайҳи нирӯҳои Олмони фашистӣ меҷангид. Аммо созмонҳои муҳаққиқи ҷиноятҳои ҷангии даврони Олмони фашистӣ мегӯянд, ба дунболи асорат ӯ ба хидмати Олмони фашистӣ пардохт ва аз ҷумла дар зиндони Собибор, воқеъ дар қаламрави Лаҳистон, хидмат мекард. Аз моҳи март то сентябри соли 1943 дар ин зиндон 29 000 асир, ки аксарияташ яҳудиён буданд, қатл шуданд ва гуфта мешавад, Ҷон Демянюк аз ҷумлаи посбононе буд, ки ин асиронро ба камераҳои марг мебурд.

Марвин Ҳайер аз Маркази Симон Визентал мегӯяд, ки агар ҷониби Олмон далоили кофие алайҳи Ҷон Демянюк намедошт, барои истирдоди ӯ чунин пойфишорӣ намекард: “Ман хурсандам, ки ин қазия ба поён мерасад. Ақли кас намегирад, ки чигуна касе, ки масъули қатли 29 000 нафари бегуноҳ аст, тавонист, ба истиснои 6 соли ҳабс дар Исроил, боқии умри худро дар озодӣ ба сар барад? Бале, Демянюк мӯсафеди қариб 90-сола аст. Вале арвоҳи қурбониёни ӯ, занону кӯдаконе, ки ӯ ба камераи марг телаашон медод ва риштаи умри онҳо ба фарқ аз риштаи умри Демянюк барвақт канда шуд, намегузорад, ки мо нисбат ба ӯ эҳсоси тараҳҳум бикунем.”

Маркази Симон Визентал созмони ғайридавлатиест, ки афроди дастдошта дар ҷиноёти даврони Ҳолокост, ё худ қатли омми яҳудиён дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳониро таъқиб мекунад. Ин созмон дар феҳрасти 10 нафари аслии таҳти ҷустуҷӯяш Ҷон Демянюкро баъд аз Алоиз Брунер, ки “дасти рост”-и доктори марг Адолф Эйхман буд, ва “қассоб”-и зиндони Маутҳаузен Ариберт Ҳейм дар мақоми севввум гузошта буд.

Баъд аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон, Ҷон Демянюк муддатеро дар Олмони ғарбӣ ба сар бурда, соли 1952 ба Амрико кӯчид. Демянюк соли 1958 шаҳрвандии он кишварро низ ба даст оварда, дар шаҳри Кливленди аёлати Оҳайо сукунат варзид. Ӯ дар Кливленд зиндагии хоксоронаеро пеш мебурд ва дар як корхонаи мошинсозӣ ба ҳайси коргари оддӣ кор мекард.

Ҷон Демянюк бори аввал дар соли 1977 ба мушорикат дар ҷиноёти ҷангӣ айбдор шуд ва ӯро ба Исроил мустарид карданд. Мақомоти Амрико ба ин далел, ки ӯ ба ҳангоми касби шаҳрвандӣ хидмат карданаш ба Олмони фашистиро пинҳон кардааст, ҳаққи шаҳрвандии Демянюкро лағв карданд.

Соли 1988 додгоҳи Исроил ӯро яке аз посбонҳои зиндони марги Треблинка бо лақаби “Иван Грозний” шинохт ва бо ҷурми даст доштан дар қатли омми асирони он зиндон ва дигар ҷиноёти ҷангӣ ба қатл маҳкум кард. Аммо 5 сол баъд, Додгоҳи олии Исроил бар пояи шавоҳиди дигари бадастомада, ки як украинии дигарро “Иван Грозний” эътироф мекард, ҷароими дайншуда бар Ҷон, ё Иван, Демянюкро ба қадри кофӣ исботношуда дарёфт ва ҳукми эъдоми ӯро бекор кард.

Вакилони мудофеъ ва аҳли хонаводаи Демянюк ҳамчунон ба бегуноҳии ӯ исрор меварзанд. Ҷон Демянюки хурдӣ, фарзанди ӯ, мегӯяд, дар Олмон низ падарашро бар пояи ҳамон иттиҳомоте, ки Додгоҳи олии Исроил лағваш карда буд, ба масъулият мекашонанд: “Падари ман бо қатли ҳатто нафаре рабт надорад, чӣ ҷойи 29 000 нафар. Ӯро фашистон асир гирифтанд ва ӯ дар зиндони онҳо қариб буд, ҳалок шавад. Падари ман худ қурбонии ҷанг аст, ки тавонистааст ҷон ба саломат бубарад. Ӯ касе нест, ки бояд аз яҳудиён барои Ҳолокост узр бихоҳад. Ӯ ба ин рабте надошт.”

Демянюк дар пайи раҳоияш аз зиндони Исроил дубора ба Кливленди Амрико баргашт, вале маълум шуд, ки шабаҳи ҷанги дуввуми ҷаҳон домани ӯро ба осонӣ сар доданӣ нест.

Тақозои истирдоди дигарбораи Ҷон Демянюк ин бор дар севуним соли қабл аз ҷониби Олмон бархост, ки ӯро дар даст доштан дар қатли 29 000 асири зиндони Собибор айбдор мекард. Ҷон Демянюк, ки соли 2002 ҳаққи шаҳрвандии Амрикоро батамом аз даст дод, бо ин вуҷуд то 11 майи соли ҷорӣ бо истифода аз додгоҳҳои мухталифи Амрикову Олмон талош кард, бо такя ба омилҳое, чун маълулӣ, пойбанд буданаш ба аробаи маъюбӣ ва ҳам ба синнаш, ки ба 89 сол мерасад, худро аз чанголи истирдоди ногузир ба Олмон бираҳонад.

Вале охирин ниҳод – Додгоҳи олии Амрико буд, ки пардохтан ба қазияи Демянюкро радд кард ва бо ҳамин охирин мониа аз роҳи истирдоди ӯ ин бор аз Амрико ба Олмонро бардошт. Ва ин қазия акнун ба Олмон ҳавола мешавад, ки ба ин нафари муттаҳам ба ҳамкорӣ бо Олмони фашистӣ чӣ хоҳад кард?
XS
SM
MD
LG