Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши эътимоди мардум ба интихоботҳо


Созмони назарсанҷии амрикоии Gallup навиштааст, дар қаламрави собиқ Шӯравӣ итминони мардум ба интихобот кам ва манфӣ мебошад.

Созмони назархоҳии Gallup, ки аз маъруфтарин марказҳои пурсиши афкори умум дар Амрико маҳсуб мешаваду маъмулан ба таҳқиқи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ мепардозад, зимни баррасии рӯҳияи мардум дар Молдова, баъди интихоботи баҳсбарангези порлумонии ин кишвар ба хулосае омадааст, ки аксари сокинон ба дурустии баргузории раъйпурсиҳо дар кишварашон эътимод надоранд.

Соли 2006, менависад маркази таҳқиқотӣ, адами эътимод ба дурустии интихоботи Молдова 53 дарсадро ташкил дода бошад, соли 2008 ин нишондод наздик ба 60 фоизро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи хулосаҳои САҲА интихоботи Молдова дар маҷмӯъ ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилалӣ будааст.

Gallup баъдан ин натиҷаҳоро бо пурсишҳои ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ муқоиса карда мегӯяд, ки поинтарин мизони эътимод ба интихобот дар Украна мушоҳида шуда, ҳар нафари шашум ва дар Русия ҳар нафари сеюм адами эътимоди худро ба дурустии интихобот баён кардаанд. Дар Тоҷикистон, менависад Gallup, 44 фоиз ба ин чиз бовар доштаанду халос. Хулосаи умумии ин таҳқиқот чунин аст, ки куллан дар қаламрави ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ итминони мардум ба интихобот кам ва манфӣ будааст.

Дар Тоҷикистон танҳо 44 дарсади мардум ба дурустии интихобот бовар доштаанд...
Сабабҳои чунин вазъро аз як корманди маркази таҳқиқоти сиёсие бо номи "Рушд" суол кардам. Ин марказ, ки дар Қӯрғонтеппа ҷойгир аст, махсуси омӯзиши интихоботҳо буда ҷараёнҳои раъйдиҳиро дар вилояти Хатлон мавриди таҳқиқ ва баҳогузорӣ қарор медиҳад. Юсуф Аҳмадов, як масъули ин марказ, дар сӯҳбат бо Ояндасоз бо намуна аз пурсишҳои ин созмон дар нисбати интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон гуфт:

"Ҳатто дар сурати дар ришвахорӣ фош кардани раиси ноҳия ба шаҳрвандони гуногун мо савол дода будем, ки онҳо метавонанд ӯро иваз намоянд. 95 дарсад шаҳрвандони қаторӣ, 91 дарсад журналистон, 100 дарсад намояндаҳои ташкилоти ҷамъиятӣ бо боварӣ изҳор медоранд, ки ҳатто дар ҳолати дар ришвахорӣ фош намудани раиси ноҳия ва ё шаҳр низ қодир нестанд ӯро иваз намоянд. Яъне ба ҳамин беқудратиашон қоил ҳастанд. Ҳамчунин, 35 дарсад вакилони мақомоти маҳаллӣ - намояндагӣ ҳисоботдиҳандагии раиси ноҳия ва ё шаҳрро дар назди эшон инкор менамоянд. Яъне ин нишонаи он аст, ки яккаҳукмронӣ аст ва мардум чандон дар идоракунии давлат ширкат намекунанд ва ба он ки, масалан, ба сиёсати ҳукумат таъсир расонда тавонанд, чандон эътимод надоранд".

Дар Тоҷикистон соли оянда интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, аммо аз ҳоло на аз матбуот ва на аз сӯҳбатҳои аҳзоби сиёсӣ эҳсос намешавад, ки ба ин маърака ҳамчун як сабқати пуррақобат ва хеле муҳим бархурд сурат гирад. Юсуф Аҳмадов мегӯяд, ки тибқи як таҳқиқоти нави онҳо аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз сӯе бо сабаби тангдастӣ ва аз сӯи дигар бо сабаби ин ки аз пеш медонанд, ки талошҳои онҳо натиҷаи кам медиҳад, ноумед шудаанд. Вай афзуд, "ҳатто ҳамин Ҳизби наҳзати исломӣ, ки назар ба ҳизбҳои дигари мухолифин хеле фаъол менамояд, раҳбарияти вилоятии ин ҳизб ҳам бисёр ноумед аст. Фикр мекунанд, ки ҳамин кӯшишҳои мо беҳуда аст. Чунки онҳо боварӣ доранд, ки ҳукумат ба рафти интихобот дахолат мекунад".

Муҳаққиқи тоҷик афзуд, ки дар заминаи мудохилаи ҳокимияти маҳаллӣ ба ҷараёни интихобот на танҳо раъйдиҳандагон, балки дарсади муайяни нозирони интихоботӣ ва масъулини интихоботӣ иқрор мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло дар миёни аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ як навъ бетафовутӣ нисбати интихобот эҳсос мешавад, ва далели он ҳам шояд ҳамин маҳдудият ва монеаҳо дар фаъолиятҳои кории онҳо бошад, гуфт ҷомеашинос Юсуф Аҳмадов.

Аз назари ҷавони дигари тоҷик, ин ҷо масъала пеш аз ҳама дар поин будани сатҳи огаҳии сиёсии сокинони Тоҷикистон аст, ки аз ҳуқуқи худ ба унвони раъйдиҳанда хуб огоҳ нестанду аз он истифода намекунанд. Рӯзноманигор Акрам Абдуқаҳҳоров аз шаҳри Душанбе мегӯяд, "аҳамияти ин маъракаи интихоботиро намедонанд. То кадом андоза интихобот ба зиндагии онҳо, беҳтар шудани вазъи ҳуқуқии онҳо таъсир мерасонад, намедонанд. Шояд ин таъсири даврони шӯравӣ бошад, чунки он вақт як ҳизб ҳукмрон буд ва хоҳу нохоҳ номзаде, ки пешниҳод мешуд, он мегузашт. Фарз кардем, дар маҳаллаи Гулистони Душанбе чанд соли пеш як хона таркида буд, ба доди мардум ҳеҷ кас намерасад. Айнан ҳамин чиз дар нисбати бозори Зарнисор низ дида мешавад. Овоз доданд мардум, аммо намедонанд, ки вақти мушкилӣ, мушкилии ҳуқуқиашон бояд ба кӣ муроҷиат кунанд. Дар ҷомеаҳои пешрафта нафароне, ки аз ҳамон ҳавза интихоб шудаанд, меоянд назди нафароне, ки ба онҳо овоз доданд. Дар Тоҷикистон рӯзи интихобот овоз медиҳанд ба як нафар, ба мисли дастаҷамъона, аммо рӯзи мушкилиашон ҳамон депутате, ки барояш овоз доданд, онро ҷустуҷӯ намекунанд. Аз ӯ намепурсанд, ки барои чӣ мо ба ту овоз додем, аммо имрӯз проблемаҳои ҳуқуқии моро дар Маҷлиси намояндагон намебардорӣ".

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ки мардум аз даврони шӯравӣ одат карда буданд, ки дар сари қудрат ва дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мардум бояд танҳо як ҳизб фаъол бошад ва ба ҷуз як нафар каси дигар наметавонад раҳбар ё номзад ба раҳбарӣ шавад. Ва аз ҳамин хотир аст, ки худи ҳамин мардум ҳам баъд ба интихобот ҳамчун як маъракаи воқеан муҳими сиёсӣ баҳо намедиҳанд.

Ва чунин вазъ, мегӯянд таҳлилгарони байналмилалӣ, тақрибан дар ҳама ҷумҳуриҳои шӯравии пешин ва Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG