Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танҳо як адад экскалатор ва як булдозер кӯшиши аз хоктӯдаҳо сохтани дамба доранд. Сарбанде, ки минбаъд пеши роҳи селборишро бар сари деҳи тахрибшудаи «18-ум Партсйезд»-и ноҳияи Хуросон хоҳад гирифт.

Бо гузашти беш аз 20 рӯз аз сар задани офати табиӣ ва қисману комилан тахриб шудани тақрибан 90 манзили зисти сокинони маҳаллӣ ҳанӯз ҳам деҳи тахрибшудаи «18-ум Партсйезд» андаруни лою хок нопадид аст. Мақомот мегӯянд, барои пешгирӣ аз лағжиши теппаҳо бар асари бориши сел дар навбати аввал марзҳои наздик ба кӯҳу пуштаҳои деҳи «18-ум Партсйезд» бо дамбаҳо таҳким дода мешаванд. Маҳмад Сафаров, намояндаи идораи хоҷагии оби ноҳияи Хуросон, мегӯяд:

«Мо бо техникаи камшумори худ пеши роҳи селоб меомадагиро баста истодаем. Ҳамон роҳе, ки чанде пеш аз он сел омад ва «18-ум Партсйезд»-ро тахриб кард. Он сел 30 хонаро умуман беному нишон карду тақрибан 75-100 хонаро қисман тахриб кард. Акнун талошамон бар он аст, ки аз такрори чунин ҳодиса пешгирӣ кунем».

Дигар дар мавзеи тахрибшудаи «18-ум Партсйезд» ҳеҷ хонавода зиндагӣ намекунад. Ба хотири таъмини амнияти ин хонаводаҳо ба онҳо тавсия дода шудааст, ки аз мавзеи дигар ҷойи сукунат ихтиёр кунанд. То он замон, ки мақомоти давлат тасмими дақиқу ниҳоӣ оид ба ихтисоси порчаи замин ва сохтмони манозили нав ба хонаводаҳои зарардида нагирад, наздик ба 600 сокини деҳи тахрибшуда феълан дар хаймаҳо ҷой карда шудаанд. Раиси маҳаллаи «18-ум Партсйезд» Қурбон Табаров мегӯяд, барои сохтмони манозили нав аз фонди эҳтиётии раиси ҷумҳур ба оилаҳои зарардида то 5000 сомонӣ ва аз буҷаи ҳукумати Хатлон якуним ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ироа шудааст:

«Ин панҷ ҳазор сомониро оилаҳое мегиранд, ки хонаашон сад фоиз вайрон шуда бошад. Агар камтар бошад ҳаҷми зарар, камтар кӯмакпулӣ мегиранд. Тахтаву шифер кӯмак карда истодаанд. Акнун бояд аз маҳаллаи «Офтобак», ки ҳоло гандумзор аст, барои сохтани хона замин ҷудо карда шавад. Гандумро, ки даравиданд, ин масъаларо баррасӣ хоҳанд кард».

Дар мавзеи мавсум ба «Офтобак»-и ноҳияи Хуросон, ки ҳамакнун рамзан «Шаҳрчаи хаймаҳо» номида мешавад, дар беш аз 100 адад хайма 595 сокини деҳи тахрибшудаи «18-ум Партсйезд» муваққатан ҷой гирифта ва зиндагӣ доранд. Дар шаҳрчаи хаймаҳо бунгоҳи кӯчаки тиббӣ, намояндагони ситоди ҳолатҳои изтирорӣ ва ҳатто идораи хурди милитсия ҳам воқеъ аст.
Бахтиёр Каримов, пизишки навбатдори шаҳрчаи хаймаҳо, гуфт, ба сурати умум, вазъи сиҳҳатии бошандагони шаҳрчаи хаймаҳо мӯътадил аст, аммо ба қавли ӯ, ба сабаби намнокии замин ва истеъмоли нодурусти ғизо ҳамарӯза то чанд нафар ба пизишкон муроҷеъ мешаванд:

«Беморони фишорбаландӣ, қалб, ОРВ, илтиҳоби шуш, илтиҳоби роҳҳои нафас, илтиҳоби гурдаҳо ба мо муроҷиат мекунанд бисёр. Намнокии замин, ки дар ин ҷо баланд аст, сабаби хуруҷи ин бемориҳо мешавад. Ҳамин ҷо шамол мегиранд, мо ба онҳо кӯмаки тибӣ мерасонем, дорувор медиҳем. Ҳамчунин кӯдакон низ шикамрав мешаванд, бемориҳои шадиди рӯдаҳо, зеро хӯрокаашон ҳархела аст, ҳар гуна меваҳоро шояд ношуста мехӯранд. Ба оилаҳое, ки дар шаҳраки хаймаҳо ҷо шудаанд, хӯроки 20-рӯза дода шудааст, боз ҳар рӯз аз ҷониби ҷамоату деҳаву корхонаҳо хӯрок таҳия карда мешавад. Мо ҳамчунин ду зани ҳомила ва як бемори гирифтори фишорбаландиро аз шаҳрчаи хаймаҳо ба бемористон интиқол додем».

Вақти вориди хаймаҳо шудан, дарвоқеъ намнокии баланди замин эҳсос мешавад. Хонаводаи таваккаловҳо, ки иборат аз 24 нафаранд, дар ҳамин гуна хайма ҷой гирифтаанд. Ин хонавода то сар задани офати табиӣ дар деҳи «18-ум Партсйезд» як манзили бузурге дошта ва якҷо зиндагӣ мекардаанд. Ҳамакнун барои сохтмони манзили нав барояшон 5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ додаанд. Раҳмоналӣ Таваккалови 54-сола, сардори ин хонавода, мегӯяд:

«Пули додагиашонро дар хонаи хешовандон паноҳ кардем. Мо баъди офат танҳо ҷони худро ба саломат бурдем. Дигар ҳама ҷиҳози хонаводаро аз даст додем, 24 сол боз дар «18-ум Партсйезд» зиндагӣ мекардем. Бо сарфи 12 ҳазор доллар, бо дасти фарзандонам хона сохтем, ҷевону сандуқҳо, қолину палос ва дороиҳои зиёд доштем, ки андаруни лой монд. Мо тақрибан ҳаҷми зарарро ҳисоб кардем, ки қариб 100 ҳазор доллар мешавад. Акнун чӣ кунем, намедонем, чор писар дорам, ки бояд хонадор карда шаванд. Пул нест, илоҷ надорем. Аз давлат хоҳишу талаб дорем, ки ба мо кӯмак расонад…»

Ҳаҷми умумии хисороти расида ба деҳаи «18-ум Партсйезд», ки рӯзҳои 20-21-уми апрел бар асари селбориш қариб 90 манзили зистро қисман ва ё пурра тахриб кардааст, аз сӯйи мақомоти давлат 2,5 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Бо дастури ҳукумати вилояти Хатлон, чунин тасмим гирифта шудааст, ки барои оилаҳои бехонамонда ҳукуматҳои ҳама 25 шаҳру навоҳии ҷануби кишвар ва ташкилотҳои вилоятӣ бо пули худ манзили зист сохта медодаанд. Аммо ин ки то куҷо ин барнома иҷрошуданист, суоли боз боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG