Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашъамандӣ дар зиндон


Агентии зиддимаводи мухаддир мегӯяд, шумори мубталоёни нашъамандӣ дар миёни маҳбусони зиндонҳои вилояти Хатлон дақиқ нест, аммо на ба ин маънӣ, ки дар зиндонҳои қаламрави Хатлон нашъамандон тамоман нигаҳдорӣ намешаванд. Аммо мақомоти додситонӣ агентиро дар беиттилоӣ айб мекунад.

Мақомоти Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилояти Хатлон мегӯянд, дар солҳои пасошӯравӣ ҳанӯз ягон мониторинги беморони нашъамандӣ дар муассисаҳои ислоҳии ҷануби Тоҷикистон доир нашудааст, ҳарчанд зарурати таҳқиқи ин масъала бисёр ногузир хонда мешавад.

Майор Ҷалол Саймуддинов, сардори шӯъбаи пешгирии нашъамандии Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Хатлон, мегӯяд, аммо соли равон дар Тоҷикистон барномаи нави раҳоии нашъамандон аз вобастагӣ ба маводи мухаддир роҳандозӣ мешавад ва дар навбати аввал барномаи мазкур нисбат ба маҳбусони зиндонҳои ин кишвар татбиқ хоҳад шуд:

«Яке аз барномаҳои пешгирӣ аз нашъамандӣ, ки дар ҷаҳон амалӣ карда мешавад, ин аст, ки нашъамандонро аз героин ба дигар навъи камзарари маводи мухаддир «мешинонанд». Дар Эрону баъзе давлатҳои Аврупо баҳсу муҳокимаҳо ҳаст, ки ин барнома бояд дар Тоҷикистон ҳам ҷорӣ карда шавад. Байни истеъмоли нашъа ҳамин мавод одамро 12 соат новобаста ва қобили меҳнат мекунад. Зимнан, ба воситаи ҷалби онҳо ба ко рва истеҳсолот онҳоро аз вобастагӣ ба маводи мухаддир раҳо мекунанд. Ин барнома аз он ҷумла дар бисёр кишварҳо нахуст дар зиндонҳо табтиқ шуда, дар пайи он баъд дар шаҳрвандони гирифтори ҳамин беморӣ ҳам истифода мешавад».

Дар ҳамин ҳол, мақомоти додситонӣ мегӯянд, шумори мубталоёни нашъамандӣ дар зиндонҳои вилояти Хатлон дақиқ аст ва наздик ба се фоизи маҳбусон гирифтори ин бемориянд. Ҳабибулло Азимов, корманди масъули додситонии назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон, мегӯяд, танҳо дар зиндони ноҳияи Ёвон феълан 52 маҳбуси нашъаманд ва 9 майзада, ҳамчунин дар зиндони занонаи шаҳри Норак 6 маҳбуси гирифтори нашъамандӣ адои ҷазо мекунанд. Аммо, ба гуфтаи оқои Азимов, ин афрод на дар дохили муассисаи ислоҳӣ, балки қабл аз ба зиндон равона шудан мубталои ин беморӣ будаанд. Додгоҳ муттаҳаминеро, ки гирифтори нашъамандӣ ҳастанд, ҳамчунин ба муолиҷаи иҷборӣ дар зиндон ҳукм мекунад:

«Тибқи ҳисоботҳои расмӣ, ҳама он афроди маҳбусе, ки гирифтори нашъамандианд, пеш аз ба зиндон маҳкум шудан ба ин беморӣ печидаанд. Дар зиндонҳои қаламрави вилояти Хатлон тай иду соли ахир ягон далели гардиши маводи мухаддир дар зиндонҳо ба қайд гирифта нашудааст, яъне ин андешаҳо ботил аст, ки нашъамандӣ дар дохили муассисаҳои ислоҳӣ шурӯъ мешавад».

Ба иттилои Ҳабибулло Азимов, корманди додситонии назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон, шумори бештари маҳбусони нашъамандро ҷавонон ташкил дода, аммо ҳанӯз ҳеҷ далеле оид ба содиршавии ҷиноёт аз сӯйи онҳо ва ё фавти маҳбусони нашъаманд рӯйи даст наомадааст.

Дар додситонӣ ҳамчунин гуфтанд, ки санҷиши барномаҳо, усулҳо ва ё маводи дорувори махсуси тиббӣ дар бадани инсонҳо, аз ҷумла маҳбусини зиндонҳо мумкин нест ва набояд чунин таҷрибаҳо иҷборан гузаронида шаванд. Дар вилояти Хатлон чаҳор муассисаи ислоҳӣ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Ёвон, ноҳияи Ҷилликӯл ва зиндони занона дар шаҳри Норак мавҷуд буда, дар он беш аз 2300 нафар маҳбусон нигаҳдорӣ мешаванд.

Мақомоти зирабти Хатлон тасмим гирифтаанд, дар миёнаҳои соли ҷорӣ мониторинги махсуси вазъи зиндонҳо ва маҳбусони мубталои нашъамандӣ, сил ва дигар бемориҳои сироятиро доир намоянд.
XS
SM
MD
LG