Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бегоҳи 12-уми май барои ширкат дар сабқати интихобии Ҷоми раиси AФК-2009 озими Непал хоҳад шуд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар» ТадАЗ, ба радиои Озодӣ гуфт: «Мо ба ин мусобиқа хуб омода шудаем ва мақсад дорем, ки Ҷоми раиси АФК-ро аз даст надиҳем. Ба ҳайати даста 19 футболбоз шомиланд, ки инҳоянд: дарвозабонҳо – Алишер Додов ва Умед Ҳоҷимуродов, ҳимоятгарон – Саид Эргашев, Маъруф Рустамов, Наим Носиров, Даврон Эргашев, Фаррух Чориев, Ҳасан Рустамов ва Сафаралӣ Каримов, нимҳимоятгарон – Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов, Ҷамшед Исмоилов, Сардорбек Эминов, Раҳмоналӣ Баротов ва Бахтиёр Ҳасанов, ҳамлагарон – Комил Саидов, Шуҷоат Неъматов, Давронҷон Тухтасунов ва Беҳзод Шарифов».

«Регар» ТадАЗ, қаҳрамони 7-каратаи футболи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми раиси AФК дар солҳои 2005 ва 2008, дар шаҳри Катмандуи Непал дар гурӯҳи «А» 14-уми май бо ВАПДА (Покистон), 16-уми май бо «Тайван Пауэр Компани» (Тайван) ва 18-уми май бо «Непал Полис Клаб» (Непал) бозӣ хоҳад кард.

Ҷоми раиси AФК-2009 бо ширкати 12 даста дар ду давр – интихобӣ ва ниҳоӣ - баргузор хоҳад шуд. Сабқати интихобӣ дар се гурӯҳ доир мешавад.

Нахуст сабқати дастаҳои гурӯҳи «В» 12-уми май дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка бо дидори тими мизбон - «Абахани» - ва «Шри-Ланка Арми» шурӯъ шуд. «Ишқобод»-и Туркманистон дар аввалин бозии худ 14-уми май бо «Шри-Ланка Арми» рақобат мекунад.

Бозиҳои гурӯҳи «С» бо ширкати дастаҳои «Дордой-Динамо» (Қирғизистон), «Канбавза» (Мянмар), «Пномпен Краун» (Камбоҷа) ва «Йедзин» (Бутан) аз 14-ум то 18-уми июн дар шаҳри Бишкек барпо мегардад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа се дастаи ғолиби сабқати интихобии гурӯҳӣ ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG