Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Шӯрои амнияти СММ аз Исроил


Шӯрои амнияти СММ аз Исроил даъват кард, ки барои бунёди давлати мустақили Фаластин ва дастёбӣ ба сулҳ дар Ховари Миёна чораҳои оҷил андешад. Ин изҳорот аз сӯи ҳамаи 15 кишвари узви Шӯрои амният пазируфта шуд. Намояндаи ИМА дар СММ Сюзан Райс зимни суханронӣ дар нишасти Шӯрои амният гуфт, ки раисиҷумҳур Барак Обама барои муваффақ шудан ба созиши ҳамаҷониба миёни Исроил ва Фаластин талош дорад.
Қарор аст баъд аз як ҳафта сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу барои музокирот бо Барак Обама вориди Вошингтон шавад
XS
SM
MD
LG