Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон барканор шуд


Вазири дифоъи Амрико фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон Девид МакКирнанро аз мақомаш барканор кард.

Генерал Девид МакКирнан камтар аз як сол ин вазифаро бар дӯш дошт. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, аз МакКирнан дархост намудааст, то ба истеъфо биравад ва афзуд, ки барои бурдани ҷанг алайҳи Толибон, ба истилоҳ, “нирӯи тоза” зарур аст.

Роберт Гейтс дар бораи барканории МакКирнан чунин эълон кард, ки “баъди машваратҳо бо сарварии Ситоди марказии фармондеҳии Амрико ва фармондеҳони маркази фармондеҳи ва бо ризояти раисиҷумҳур ман аз генерал Девид МакКирнан дархост кардам, ки ба истеъфо равад. То замоне ки ҷойгузинаш интихоб ва таъйин шуда. МакКирнанро иваз накунад, вай ба иҷрои вазифаҳояш идома хоҳад дод.”

Вазири дифоъи Амрико инчунин гуфт, ба мақоми озодшуда вай генерал Стенлӣ МакКристал, собиқ фармондеҳи нерӯҳои амалиётҳои вижаро пешбарӣ кардааст. Генерал МакКристал фармондеҳии дастикам 45 ҳазор нерӯи амрикоӣ ва наздик ба 32 ҳазор сарбоз аз дигар кишварҳои паймони НАТО, мустақар дар Афғонистонро бар ӯҳда хоҳад гирифт.

Генерал МакКирнан аз тарроҳони аслии нақшаи афзоиши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон маҳсуб мешавад. Мувофиқи ин тарҳ, қарор аст, то охири соли ҷорӣ шумораи сарбозони амрикоӣ дар он кишвар ду баробар афзуда, то ба 68 ҳазор нафар бирасад. Фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон инчунин талаб мекард, ки соли 2010 низ ба Афғонистон нерӯҳои бештари иловагӣ эъзом гардад.

Ин дар ҳолест, ки низомиёни ИМА аз 44 мавриди истифодаи фосфори сафед аз ҷониби шӯришиён хабар доданд. Фосфори сафед моддаи химиёвии тезсӯзанда аст ва мусаллаҳони Толибон онро барои истеҳсоли бомбаҳо истифода мекунанд. Ҷангиён бо ин бомбаҳо ба постгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомӣ ҳамлаҳо анҷом медоданд.

Ин баёния дар ҳоле садо дод, ки артиши Амрико ҳама иддаоҳоро дар мавриди он, ки гуё ҳангоми зарбаҳои ҳавоӣ алайҳи шӯришиён ҳафтаи гузашта аз маводи химиёвӣ истифода бурдаааст, рад мекунад. Ҳукумати Афғонистон мегӯяд дар натиҷаи зарбаҳои мазкур дастикам 140 тан аз сокинони осоишта кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башари Афғонистон ҳам бо ишора ба ҳукумати Кобул хабар дод, ки ҷангиёни Толибон ҳангоми ҳамлаҳо ба деҳоти вилояти ғарбии Фараҳ аз фосфори сафед ва дигар маводи химиёвӣ истифода бурданд.
XS
SM
MD
LG